Собир Валиев, собиқ муовини раҳбари ҳаракати оппозитсионии “Гуруҳи 24”, рӯзи 19 феврал бо қарори додситонии кулли Тоҷикистон мавриди афв қарор гирифтааст. Дар ин бора худиСобир Валиев дар саҳифаи фейсбукиаш рӯзи 20 феврал бо нашри як санади расмии раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон хабар дод.
Дар санади дида мешавад, ки Собир Валиев аз соли 2015 таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст. Ин фаоли сиёсӣ, ки чанд муддати охир бесадо шуда буд, субҳи 8 феврал бо парвози Истанбул – Душанбеи ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” ба Тоҷикистон баргашт. Собир Валиев барои фаъолиятҳои оппозитсиониаш дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноятӣ парванда дошт ва соли 2015 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Кишинёв, пойтахти Молдова, 29 рӯз боздошт ҳам шуда буд.
Сомонаи “Ахбор”бо такя ба манобеаш менависад, бозгашти Собир Валиев дар асоси муомила дар як сатҳи баланд сурат гирифтааст. Собир Валиев чанд сол бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори кунунии Душанбе ва писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар мактаби №53 дар як синф таҳсил кардааст. Ба эҳтимоли ғолиб, бозгашти Собир Валиев бо миёнаравии ҳамсинфонаш аз мактаби №53-и пойтахт ва тавассути раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон, ки роҳбарии онро подполковник Шоҳрух Саидзода ба уҳда дорад, сурат гирифтааст.