84 кӯдаки тоҷик шаби 30 апрел тавассути ҳавопаймои ширкати Fly Erbil аз паноҳгоҳ ва зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Баъзеи ин кӯдакон ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле ки падарони аксари онҳо кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои расмӣ, феълан дар зиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик ҳастанд.
Мақомоти Тоҷикистон шаби 30-юми апрел дар як изҳороти расмӣ гуфтанд, баргардондани кӯдакон «бо пуштибонии ҳукумат ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Ироқ ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус ЮНИСЕФ, сурат гирифтааст».
Додгоҳи вижаи Бағдод даҳҳо зани тоҷикро ба муддатҳои тӯлонии зиндон ва чанде аз онҳоро ба ҳабси абад маҳкум кард. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ, ки барои баргардонидани кӯдакони тоҷик вазифадор шудааст, моҳи январ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, аз 43 зани тоҷик, 15 нафарашон ризоият надоданд, ки кӯдаконашон ба ватан фиристода шаванд. Сарнавишти ояндаи ин тифлон норӯшан боқӣ мемонад.