Яке аз пайвандони як мақоми аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон боздошт шудааст.
Ба иттилои як манбаи “Паём” аз шуъбаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, Саидумар Саидов, бародарзодаи Шамсиддини Саид, яке аз мақомоти аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шудааст.
Манбаи “Паём” афзуд, Саидумар Саидовро ба иттиҳоми иртиботи телефонӣ бо Шамсиддини Саид як рӯз қабл аз Иди Фитр боздошт намудаанд.
Бояд гуфт, чанде қабл писари Шамсиддини Саид Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ ва баробар бо расиданаш ба Тоҷикистон аз тарафи мақомоти амниятии кишвар боздошт шуд. Тайи чанд рӯзе, ки Абдуллоҳи Шамсиддин дар боздоштгоҳ буд, мақомоти амниятию интизомии Тоҷикистон аз ифшои ҷойи боздошти ӯ худдорӣ мекарданд. Аммо пас аз чанд рӯзи ихроҷаш Абдуллоҳи Шамсиддин аз тариқи телефон ба ҳамсараш хабар дод, ки ӯ дар боздоштгоҳи КДАМ аст.
Ахиран додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Абдуллоҳи Шамсиддинро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард.