Рубрики Хабарҳо

Ҳушдори Созмони иттилооти дифоъии Амрико дар бораи ҳамкории низомии Эрону Русия

Дар тасвире, ки дар аз сӯи равобити умумии Созмони иттилооти низомии Амрико мунташир шуда қатаоте аз паҳподи Шоҳид-131 сохти Эрон дида мешавад, ки дар Укроин суқут кардааст. 

Мақомҳои сервисҳои амниятии Амрико ҳушдор додаанд, ки ҳамкории Эрону Русия барои сохти корхонаи паҳподсозии Маскав метавонад тавоноии Кремл барои ҳамла ба Укроинро афзоиш диҳад. 

Шабакаи хабарии CNN ба нақл аз мақомҳои Ожонси иттилооти дифоъии Амрико хабар дода, ки интизор меравад бо такмили ин муҷтамеъи тавлиди паҳпод, ки Русия ба кумаки Эрон месозад, “зарродхонаи бисёр бузургтаре аз паҳпод барои ҷанг дар Укроин дар ихтиёри Русия қарор бигирад.” 

Ин таҳлилгарон пешбинӣ кардаанд, ки сохти ин корхона авоили соли оянда ба поён хоҳад расид. 

Як моҳ пеш Ҷон Кёрби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, бо ироаи тасовири моҳвораӣ эълом кард ин корхона дар минтақаи вижаи иқтисодии Элабуга дар Русия сохта мешавад ва Маскав дар ҳоли дарёфти иттилоот ва таҷҳизоти лозим аз Эрон аст. 

Дар асоси гузоришҳо Русия аз Эрон садҳо паҳподи таҳоҷумии интиҳорӣ ва ҳамин тавр таҷҳизоти тавлиди паҳпод дарёфт кардааст. 

Таҳлилгарони низомии Амрико мегӯянд Эрон мураттабан аз тариқи баҳри Хазар дар ҳоли интиқоли таҷҳизот, гулӯлаи тӯп, хумпора ва паҳпод ба Русия аст ва умуман барои ин кор аз қаиқҳое истифода мекунад, ки махфиёна ва бо хомӯш кардани системи радёбии худ ҳаракат мекунанд. 

Ба ақидаи ин таҳлилгарон Эрон то кунун беш аз 400 фарванд паҳподи “Шоҳид 131” ва 136 ва “Муҳоҷир” дар ихтиёри Русия қарор додааст вале Русия тақрибан тамоми ин паҳподҳоро дар ҷанги Укроин истифода кардааст. 

Амрико мегӯяд чандин намуна аз паҳподҳои мавриди истифодаи Русия дар ҷанги Укроинро баррасӣ кардааст ва шавоҳиде, ки мабни бар эронӣ будани ин паҳподҳо вуҷуд дорад “ғайриқобили инкор” аст. 

Он гуна, ки шабакаи хабарии CNN гузориш додааст мақомҳои Ожонси иттилооти дифоъӣ қатаотеро низ аз як паҳподи эронии Шоҳид-101 ба хабарнигорон нишон додаанд, ки дар Ироқ суқут кардааст. Ба гуфтаи ин таҳлилгарон мумкин аст Эрон ба думболи ирсоли ин намунаи паҳпод ба Русия бошад чун сабуктар аст ва ҳамлу нақли содатаре дорад. 

Истифодаи Русия аз паҳподҳои эронӣ дар Укроин мӯҷиб шуда то Теҳрон чандин давр бо таҳримҳои афзоянда аз тарафи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё рӯ ба рӯ шавад. 

Ин таҳримҳои ҷадид ба таври мушаххаси саноеъи низомии Эрон ва ширкатҳои муртабит бо тавлиди таслиҳоти монанди паҳподҳои низомиро ҳадаф қарор додаанд. 

Вазорати хориҷаи Эрон таъйид кардааст, ки теъдоде паҳпод ба Русия фурӯхтааст аммо гуфта ин паҳподҳоро барои кумак ба Русия дар ҷанг Укроин ба ин кишвар ирсол накардааст. 

Аммо Амрико мегӯяд Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иртибот бо ҷанги Укроин бо Русия ҳамкорӣ мекунад ва ҳатто коршиносони низомии Эрон дар шибҳиҷазираи Крим, ки дар ишғоли Русия аст, мустақар ҳастанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *