Рубрики Хабарҳо

Чаро Раҳмон пинҳонӣ ба Суис рафт?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23 июл бо ҳавопаймои хусусии $92-млн.иаш аз Душанбе ба Сюрих, муҳимтарин шаҳрҳои Суис парвоз кард. Мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ иттилоъе дар ин бора намедиҳанд, балки мекӯшанд ин сафарро пинҳон нигоҳ доранд. 

парвози ҳавопаймои хусусии Раҳмон нишон медиҳад он нисфирӯзии 23 июл дар Сюрих фурӯд омада, сипас ба самти Мюнхен, яке аз бузургшаҳрҳои Олмон парвоз кард.

Тибқи иттилоъи Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ”, Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо барои табобат омадааст. Ӯ ба “Паём” гуфт “вазъи саломатии Раҳмон баъди сафарҳои ноҳиявиаш бад шуда ва тасмим бар ин шудааст дар Аврупо табобат бигирад”. 

Мудири “Ислоҳ” бо истинод ба манобеъаш гуфт дар Суис клиникае ҳаст, ки ҳар сол ва умдатан дар тобистон Эмомалӣ Раҳмон онҷо табобат мегирад.

Қаблан, ки Эмомалӣ Раҳмон бо ҳавопаймои “Сомон Эйр” парвоз мекард, камтар касе онро пайгирӣ менамуд, чун пайгирии ҳама хатсайрҳои як ширктаи ҳавопаймоӣ вақт ва нерӯи зиёд мехоҳад. Аммо ҳоло, ки диктатори Тоҷикистон ҳавопаймои хусусӣ дорад, ҳар парвозаш метавонад зери заррабин қарор гирад. 

Мудири “Ислоҳ” мегӯяд қарор аст раисҷумҳури Тоҷикистон то моҳи август дар Аврупо бимонад. Сабаби дигари сафари Раҳмон маҳз ба Суисро ӯ ба қазияи Шӯҳрат Исматуллоев рабт медиҳад ва мегӯяд ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад “пешво” барои пайгирии шахсӣ аз суратҳисобҳояш, ки қаблан тавассути Шӯҳрат пайгирӣ мешуд, роҳии Суис шуда бошад, чун дигар ба фарзандону домодҳояш бовар надорад.

Аммо чаро ҳавопаймои хусусии Раҳмон аввал ба Сюрих нишаст ва сипас ба самти Олмон парвоз кард?

Бо гумони ғолиб худи Раҳмон дар Суис мондаву  ҳавопаймояш танҳо барои “паркинг” ва шояд хидматрасонии техникӣ ба Мюнхен парвоз кардааст. Чун фурӯдгоҳи Мюнхен яке аз бузургтарин пойгоҳҳои хидматрасонии техникӣ ва ҳамчунин паркинги бузургро дорост ва қимати паркинг ҳам бамаротиб аз Сюрих поёнтар аст.  

Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам мегӯяд рӯзи 24-уми июл кортежи Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 5 мошин дар Сюрих дида шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *