Categories Хабарҳо

Махдуми Абдусаттор аз бемории дигар дар зиндон ранҷ мебарад

Вазъи саломатии Каримов Саттор Самадович, маъруф ба Махдуми Абдусаттор, яке аз 14 узви зиндонии Раёсати олии ҲНИТ дар зиндон бори чандум бад шуда, ба ӯ иҷозаи табобат дода намешавад.

Ӯ ба бемории варами тухмдон гирифтор шудааст ва тибқи иттилои манбаъи Паём, ба Каримов иҷозаи табобат дрда намешавад. На танҳо ӯро ба беморхона интиқол намедиҳанд, балки дархости чандинкаратааш барои даъвати табибон низ аз тарафи зиндонбонҳо нодида гирифта шудааст.

Махдуми Абдусаттор аз дарди шадид ранҷ мебарад ва роҳ гаштан барояш мушкил шудааст.

Моҳи ноябри соли гузашта низ Махдуми Абдусаттор дар Муассисаи ислоҳи ҷазоии рақами 1 (кирпичный) , бино бар фишори баланди хун як сактаи қалбиеро пушти сар карда буд. Он замон, вақте фишори хунаш аз ҳад зиёд баланд шуд, масъулини зиндон дар ибтидо ба вай таваҷҷуҳ накарданд, вақте аз по афтод табиби зиндонро даъват карданд, ки акнун дер шуда буд ва Махдуми Абдусаттор  дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.

Баъдан маълум шуд сабаби сактаи эшон шиканҷае бо номи будааст. Ин шиканҷа, ҳамарӯза аз соати 6 субҳ то 9 шаб давом мекунад ва дар ин муддат ҳар ду соат зиндониёни сиёсӣ ва мазҳабиро дар саҳни зиндон фаро хонда зимистон дар болои бетон дар ҳавои сард зери барфу борон ва дар тобистон зери офтоби сӯзон нигаҳ медоранд ва маҳбусонро якто — якто садо мекунанд то рафта ба навбат имзо кунанд.

Гуфтанист, ки дар сабти яке аз мурофиъаҳои маҳбусони сиёсии ҲНИТ, худи Махдуми Абдусаттор дар толори додгоҳ иқрор мекунад, ки ӯ ва ҳамсафонашро дар зиндон шиканҷа ва мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *