Ҳасан Асадуллозода ба Франкфурти Олмон рафтааст, то масъалаи идомаи парвози Сомон Эйр ба ин шаҳрро баррасӣ намояд.
Хатсайри Сомон Эйр ба Франкфурт ягона хатсайрест, ки Тоҷикистонро бо Аврупо пайваст мекунад. Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон молики саддарсадии ин ширкат аст.
Оғози моҳи октябр корбари фейсбук Далер Дӯстов дар гурӯҳи “Мы Таджикистанцы» навишт, ки кормандони фурӯдгоҳ ба номи ӯ 20 кг нос ба қайд мондаанд. Тибқи гуфтаи ӯ 20 кило нос дар Олмон 5 ҳазор евро қимат дорад.
Ӯ навишта буд, намедонист, ки ба номаш бағоҷи ҳомили нос ба қайд гирифта шудааст. Баробари расидан ба Франкфурт, Дӯстовро пулиси Олмон боздошт кард ва ӯ барои қочоқе, ки худаш хабар надошт ҷарима супорид. Гузашта аз ин, бо ин иттиҳом алайҳи ӯ дар Олмон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки метавонад ӯро аз иқомаи Олмон маҳрум созад.
Дар бо “Азия Плюс” Дӯстов гуфта буд, ки бо ӯ соҳибони аслии бағоч дар тамос шуда, таҳдид кардаанд.
“Онҳо тавассути шиносҳо кӯшиш карданд бо ман созиш намоянд ва пул пардохт кунанд. Ҳамаи маълумот дар бораи маро доранд. Дар Тоҷикистон оиди ин масъала таҳқиқот идома дорад, вале ман шубҳа дорам, ки он ба анҷом мерасад” — гуфтааст Дӯстов.
Дар ҳамин ҳол додситони нақлиёт Абдурашид Кишварзода ин кори кормандони фурӯдгоҳи Душанбе ва ширкати ҳавопаймоиро ҷиноят намеҳисобад. Ӯ гуфтааст қочоқи нос тибқи Кодекси Тоҷикистон “Дар бораи қонунвайронкунии маъмурӣ” баррасӣ хоҳад шуд.
“Нос маводи мухаддир ё мадҳушкунанда нест”- қайд кард Кишварзода.
“Мо интиқоли нос тавассути тайёраи ширкати ҳавопаймонии “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Франкфуртро тафтиш мекунем, аммо ҳарф задан дар бораи он ки парвандаи ҷиноӣ оз мегардад, барвақт аст” — гуфт дар мусоҳибааш бо АП додситони нақлиёт.
Аммо инро, ки бағоҷи мазкур ғайриқонунӣ ба номи як нафар ба қайд монда шуда, ӯ аз ин кори кормандони фурӯдгоҳ баробари расидан ба Олмон ҷазо гирифтааст, шарҳ надод. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи як манбаъ аз Сомон Эйр, Олмон нисбати ин амалкарди ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва ҷои шубҳа нест, ки онро то охир дақиқ хоҳад кард.
Ба гуфтаи ӯ агар ҳатто Далер Дӯстов дар қочоқи нос даст дорад, ин далелро, ки носро Хадамоти гумрук ва Хадамоти амният иҷозаи убур додаанд, на танҳо фаъолияти ширкати ҳавопаймоӣ, балки хадамоти фурӯдгоҳро низ зери шубҳа мебарад.
Агар ширкати ҳавопаймоӣ гунаҳкор нест, бояд тадқиқот анҷом медод, вале то ҳанӯз ҳатто баёнияе содир накардааст. Дар ҳамин ҳол додситонии нақлиёт мекӯшад ҳама изҳоро нобуд созад.
Дар робита ба ин, имкони он ки ширкат на танҳо аз парвоз ба Франкфурт маҳрум мешавад, балки гувоҳномаи агентии байналмиллалии гувоҳномадиҳии нақлиёти ҳавоиро ҳам аз даст медиҳад, бештар шудааст.
Гувоҳномаи узвияти Анҷумани байналмиллалии нақлиёти ҳавоиро (International Air Transport Association, IATA) Сомон Эйр бори дуввум дар соли 2017 гирифт.
“Барои даст ёфтан ба он, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-ро лозим омад тафтиши беш аз 700 ашёи вобаста ба бехатариро аз тарафи нозирони амниятии IATA ташкил кунад. Имсол IATA стнадартҳоеро, ки барои тафтиши ширкатҳои ҳавопаймоӣ истифода мекунад, сахттар кард” — гуфта буд он замон хадамоти матбуотии ширкат.