Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон сафҳаи асосии сомонаи расмиашро дар интернет бо матлабҳои вобаста ба ҲНИТ пур кардааст.
Ин сомона тайи 3 рӯзи ахир дасти кам 4 матлаберо нашр кардааст, ки тамоми он маводҳо гӯё алайҳи наҳзат навишта шудаанд. Маркази исломӣ ба зоҳир талош кардааст, ки барои корбарон ва дар маҷмӯъ тамоми ҷомеаи мазҳабӣ паём бидиҳад, ки фаъолиятҳои ҲНИТ ғайриқонунӣ мебошанд.
Аммо ба назар мерасад, Маркази исломӣ нохудогоҳ ба тарғиби наҳзати исломӣ бо усули PR даст задааст, чун тибқи қоидаҳои реклама яке аз усулҳои рекламаи хуб ҳамин PR ё рекламаи сиёҳ аст. Ва ё чун худашон ҳам аз ин усул огоҳанду дониста аз пушти парда ҲНИТ-ро тарғибу ташфиқ мекунанд.
Маркази исломӣ бо раҳбарии Саидмукаррам Абдуқодирзода, ки дар панҷ соли ахир раҳбарии Шӯрои уламои ин марказро бар ӯҳда дорад, пайваста ба раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муносиботи сарде доштааст.
Агар то баста шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон ва мулоқоти раиси Маркази исломӣ дар Теҳрон бо раҳбари наҳзати исломӣ, аъзои Шӯрои уламо дар Тоҷикистон дасти кам дар ду се моҳ як маротиба алайҳи ин ҳизб мавзеъгирӣ мекарданд, дар ду соли ахир ин марказ аз номи ҲНИТ тақрибан ҳаррӯза дар сомонаашу масоҷид ёд мекунад.
Бо ин вуҷуд, соли 2015 баъд аз мамнӯъ шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдуқодирзода дар Теҳрон бо Муҳиддин Кабирӣ мулоқоти кӯтоҳе дошт, ки интишори аксу наворҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.