14-уми ноябр мунтахаби футболи Тоҷикистон бо мунтахаби Яман қувваозмоӣ мекунанд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби футболи кишварамон бо дастаи мунтахаби Яман барои роҳ ёфтан ба Ҷоми Осиё-2019 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳам вомехӯранд.
Ин бозӣ бо мизбонии мунтахаби миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи “Ғ” дар даври панҷуми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо раҳбарии Ҳаким Файзуллоев баргузор мегардад.
Оғози ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ муайян гардидааст.