Categories Хабарҳо

Лағви ҷашни оммавӣ дар Душанбе

Ҷашни Рӯзи пойтахт дар Душанбе бе “чорабиниҳои оммавӣ” ва ширкати зиёди мардум баргузор мешавад. Дар ин бора шаҳрдории пойтахт хабар додааст. 

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID 19) ва ҳифзи солимии аҳолӣ гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба «Рӯзи пойтахт» дар шаҳри Душанбе манъ карда мешавад”, — омадааст дар баёнияи шаҳрдорӣ.

Қаблан шаҳрдорӣ тасмими дошт тибқи и имзокардаи Рустами Эмомалӣ  дар тамоми боғҳои шаҳри Душанбе таҳти унвони “Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе” барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайругашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт баргузор кунад.

Ҳамчунин байни наврасону ҷавонон гузаронидани озмунҳои гуногун ва чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла, мусобиқа оид ба мини-футбол дар назар буд.

Гуфтанист, ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил шуда, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *