Созмони ҳаросафкани “Давлатӣ исломӣ” (собиқ ДОИШ) навори байъати 6 нафарро нашр карда иддаъо кардааст, ки онҳо ҳамон нафаронеанд, ки ба посгоҳи “Ишқобод” ҳамла кардаанд. Навор дар сомонаи ин созмон “Аъмоқ” нашр шудааст.
Дар навор дида мешавад шаш нафар ба халифаи нави ДОИШ Абӯ Иброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ бо забони арабӣ байъат мекунанд. Як нафари онҳо матни байъатро қироат мекунад ва дигарон онро такрор менамоянд. Дар арабӣ ҳарф задани онҳо аксенти тоҷикӣ дида мешавад.
Хонае, ки ин навор сабт шудааст девораш қоғазбандӣ (обой) шудааст ва ба хонаҳои тоҷикӣ шабоҳат дорад.
Дар навор дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳ ва умуман ҳеҷ ҳамлае сӯҳбат намешавад.
Навор бо ширкати 6 нафар дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳамлаи 20 нафар мегӯянд ва ҳади ақал 5 нафарашон занон ҳастанд. Шоми гузашта Радиои Озодӣ асмои се нафар аз занони дастгиршударо нашр кард, ки иборатанд аз Малоҳат Ҳайдарова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Зулхумор Ҷумъаева ва Раҳбар Боқиева, сокинони шаҳри Истаравшан.
Дирӯз ДОИШ ҳамла ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод”-ро ба дӯш гирифта даъво карда буд, ки 10 сарбози давлати Тоҷикистонро куштааст.
Мақомоти Тоҷикистон баъди ҳамла гуфтанд ду нафар – як сарбози нерӯҳои марзбонӣ ва як пулис кушта шудаанд, аммо Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъаш аз 6 кушта ҳарф мезанад ва асомии онҳоро ҳам нашр кардааст.
Як манбаъи Паём аз як сарбози кушташудаи дигар хабар дод, ки бо маълум кардани ному насабаш, иттилоъ хоҳем дод.
Ҳамчунин як манбаъи дигари Паём гуфт, ки ҳамлагарон чуноне ки қаблан расонаҳо навишат буданд, аз Исфара набуда, аз ноҳияи Истаравшан будаанд.
Сойти расмии ин созмон – “Аъмоқ” дирӯз ҳамчунин акси 6 нафар аз ҳамлагаронро нашр кард.