Рубрики Pressa

Маърифати молиявӣ. Барои бизнеси муваффақ чӣ муҳимтар аст?


Саидмурод Давлатов устоди маъруфи бизнес аст. Ӯ муассиси 24 ширкат дар панҷ кишвар ва муаллифи 16 китоб дар соҳаи тиҷорат мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ зиёда аз 1,3 миллион нафар нозукиҳои соҳибкориро омӯхтаанд.

Ӯ бар он назар аст, ки албатта барои пеш бурдани бизнес дониш муҳим аст, аммо танҳо дониш кофӣ нест. Тафаккури дуруст, рӯҳияи солим ва иродаи қавӣ аз ҳама муҳимтаранд.

Ба андешаи Саидмурод Давлатов, муҳим нест, ки шумо аз кадом зина сар кардаед. Дар оғози роҳ росқавлӣ ва андешаи созанда қиматтарин сармоя мебошанд.

Тавре таъкид мекунад, “дар зиндагӣ ва фаъолият аз ҳама муҳим барои худ пайдо кардани устод аст. Яъне, ба шумо роҳи корро нишон медиҳад ва иштибоҳҳоятонро ислоҳ мекунад. Ментор ё устоди таҷрибадор метавонад роҳнамо шавад, ки шумо ба ҷойи 10 сол дар 3-5 соли наздик натиҷа ба даст оред”.

Бинобар ин, Давлатов таъкид мекунад: Муҳимтарин қадам пайдо кардани устод аст.

Саидмурод Давлатов дар як мусоҳибааш ба хабарнигори Pressa.tj чунин изҳор дошт: “Саводнокии молиявӣ барои ғуломи пул набудан аст. Муошират ва худтанзимкунӣ барои сохтани роҳбар ва созандагӣ муҳиманд”. Яъне, на танҳо дониши молиявӣ, балки малакаи муошират ва худидоракунии самаранок низ муҳим аст.

Дар навору суҳбатҳои дигар Саидмурод Саидмурод таъкид мекунад, ки шумо аввал аз худ оғоз кунед, иваз шавед, ба мағлубиятҳо нигаред, аммо баҳо диҳеду устувор бошед. Яъне, дар ҳама кор ирода бояд устувор бошад.

Хулоса, ба андешаи Саидмурод Давлатов, дониш танҳо як пояи муваффақият аст. Аммо барои соҳибкории устувор ва пешрафта ба инсон чор чиз зарур аст:

  • Якум, фикр ва рӯҳияи солим.
  • Дуюм, устоди боэътимод (ментор).
  • Сеюм, маҳоратҳои шахсӣ.
  • Чорум, иродаву устуворӣ.

Ҳамин омилҳо метавонанд роҳро кӯтоҳтар ва натиҷаҳоро бузургтар гардонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *