9-ум сентябр аз террори Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд 24 сол сипарӣ шуд. Ба ёди ин қаҳрамон, ки зиндагӣ ва корномааш барои тамоми тоҷикони ҷаҳон рамзи мубориза ва шуҷоат аст, андешаҳои донишманди тоҷик, профессор Абдунабӣ Сатторзодаро манзури шумо мегардонем.
Он рӯзи наҳси 9-уми сентябри соли 2001-ро нағз дар хотир дорам. Он замон дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ кор мекардам. Вазири муҳтарами вақти корҳои хориҷии ҶТ, академик Талбак Назаров бо андӯҳи зиёд аввал аз захмӣ шудани зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд ва пас аз фурсати кӯтоҳе аз марги нобаҳангоми ӯ дар чархболе, ки ба самти Тоҷикистон ҳаракат мекард, хабар доданд.
Аз тафсилоти шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд баъдан бароям рӯзноманигори рус Аркадий Дубнов, ки дар он лаҳзаҳои шум ҳузур дошта ва шоҳиди бевоситаи он будааст, қисса кард ва ҳайратзада аз он буд, ки чӣ тавр масъулони амниятӣ дар тӯли 18 рӯз пай набурданд, ки он ду рӯзноманигори номниҳоди араб дар асл ҳеч ба журналист монанд набуданд ва корашон танҳо аз хобу хӯр иборат буду бас.
Омир соҳиб Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дар ҳушёрӣ ва зиракӣ миёни дӯстону душманонаш ном бароварда буду аз сӯйиқасдҳои пайдарпай ва такрор ба такрори дастгоҳҳои иктишофии шуравиҳо, ҳукумати коммунистии доктор Наҷиб, Толибони дохилию хориҷӣ борҳо ҷон ба саломат бурда буд, ин дафъа ба осонӣ ба доми душманон афтод ва шаҳид шуд.
Ба гумонам, чунин сурат гирифтани ин ҳодисаи маргбор ду иллат дошт:
1. Яке он, ки шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ба одамон, ба лафзу қавли онҳо, тавсияву маслиҳату машварати онҳо, алалхусус ба онҳое, ки дар сангарҳои мубориза бо ҳам буданд, бовар дошт. Ин ду журналистро яке аз роҳбарони ҷиҳодӣ муаррифӣ карда буд.
2. Сониян, тавре ки маълум аст, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ҳеч гоҳ аз рӯ ба рӯ шудан бо душманонаш намеҳаросид ва бисёр шудааст, ки барои гуфтугӯ бо онҳо рафтааст. Замоне буд, ки ҳамаи роҳбарони ҷиҳодӣ ба хотири ҳифзи ҷони худ ва хонаводаашон Афғонистонро тарк гуфтанд, танҳо Аҳмадшоҳи Масъуд буд, ки ҳамеша дар дохили кишвараш боқӣ монд ва муборизаашро давом дод. Ба қавли яке аз низомиёни баландрутбаи русӣ, ӯ нафаре буд, ки “ҳеч вақт ба амалиётҳои низомӣ аз дур роҳбарӣ намекард”. Ва муовини бахши Шарқи Наздики дастгоҳи истихборотии Амрико тасдиқ намудааст, ки он вақт “ҷуз Масъуд дар саҳна касе вуҷуд надошт”.
Бинобар ин, агарчи шаҳид Аҳмаҳшоҳи Масъуд ба ин ду журналисти номниҳод то ба охир бовар надошт ва ҳар вақт замони мулоқоташро бо эшон ба таъхир меандохт, боз ҳам ба мулоқоташон дар охир розӣ шуд ва шояд гумон дошт, ки ин ду номардро ҷасорату мардиҳои ӯ ва суҳбати рӯ ба рӯ ва ошкорояш аз нияти бадашон бозхоҳад дошт. Сад афсӯс, ки чунин нашуд. Душманони номардаш бори дигар номардӣ карданд.
Зимнан, ҳама медонанд, ки шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ба душманони собиқаш, ба асирон чӣ гуна бархӯрди ҷавонмардонае дошт. Барои мисол бо доктор Наҷиб, ки ба истилоҳ “душмани савгандхӯрдаи ӯ” буд. Хабарнигори русе бо исми Сердюков аз шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд савол кардааст: “Толибон ӯро эъдом карданд. Шумо марги як душмани савгандхӯрдаи худро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?”. Чунин ҷавоби мардонае додааст, ки танҳо ба ӯ хос буд: “Оре, мо душман будем, вале ҳангоме ки авзоъ ва аҳвол тағйир кард ва қувваҳои Шуравӣ Афғонистонро тарк карданд, муносибати мо беҳтар шуд. Пеш аз ишғоли Кобул тавассути Толибон Наҷибуллоҳ дар мақоми Намояндагии СММ махфӣ шуда буд. Мо намехостем ба ӯ осеб бирасад ва ман қабл аз тарки Кобул нафари худро назди ӯ фиристодам ва пешниҳод кардам, ки назди ман биёяд ва агар ӯ назди мо меомад, пас аз он ҳар ҷо, ки дилаш мехост, масалан назди ҳамсараш ва наздиконаш ба Ҳинд биравад. Вале даъвати моро напазируфт… Ман ду муҳофизро ба ихтиёри Наҷиб гузоштам, ки он ду муҳофизро низ Толибон куштанд… Наҷибуллоҳ умедвор буд, ки чун паштун аст, Толибон ба ӯ особе наҳоҳанд расонд”.
Аз ҳеч нафаре набояд пинҳон бошад, ки марги абармарде мисли Аҳмадшоҳи Масъуд кори хурде нест ва ҷуброннопазир мебошад. Ва албатта, пеш аз ҳама, барои мардуми шариф ва кишвари азизаш Афғонистон. Аммо номи муборак ва корнамоиҳои бемислумонанди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд барои мо тоҷикони Тоҷикистон ва тамоми шаҳрвандони он низ ноошно ва бегона набуд. На танҳо барои он ки ӯ аз қавми тоҷик буду гузаштагонашон аз Даҳбеди Самарқанд буданд.
Ва на танҳо барои он ки ӯ ва профессори шаҳид устод Бурҳониддини Раббонӣ дар солҳои барои мо душвор ва сахт ба муҳоҷирони тоҷик паноҳ доданд ва дар раванди сулҳу оштӣ саҳми муассир ва бевосита доштанд, балки барои он ки шаҳиди зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд ному эътибори миллати тоҷикро ҳамчун миллати мубориз ва сарафроз дубора баланд бардошт ва исбот намуд, ки тоҷикон ба ҳифзи марзу буми худ қодиранд.
Вале афсӯс, ки ин азизи миллати мо дер омаду зуд рафт, ҳамон тавре Яъқубии Панҷшерӣ гуфтааст:
Чун толеъи фархунда дар даҳри шукӯҳ
Дер омада буд, ҳасрато, зуд гузашт.
Марги бафоҷеаи шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд бояд барои мо ҳушдор аз он диҳад, ки эҳтиёт кардан ва азиз доштани бузургони худро ёд бигирем ва онҳоро ба осонӣ аз даст надиҳем. Дар робита ба ин Солеҳмуҳаммади Регистонӣ, муаллифи китоби арзишманд ва хондании “Масъуд ва озодӣ” чунин навиштааст: “Аҳмадшоҳи Масъуд дар 9-уми сентябри соли 2001 мусодиф ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон террор шуд. Шояд ин мутобиқат як амри тасодуфӣ бошад, аммо шаҳодати ӯ барои тоҷикон ин паёми рамзиро дошт, ки миллати тоҷик бояд “бо ҳушёрӣ ва эҳтиёт” по гузорад”.
Ёди шаҳиди зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд, ин абармарди таърихи дирӯз ва имрӯзи мо гиромӣ бод!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube