Рубрики Хабарҳо

Ҷанги Укроин; Иттиҳодияи Аврупо бо як тир ду нишон заданист

Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст, ки 500 миллион евро барои кумак ба истеҳсоли силоҳ барои артиши Укроин ба ҷайби корхонаҳои силоҳсозии аврупоӣ резад. 

Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо рӯзи чаҳоршанбе, 3 май аз қабул шудани будҷаи 500 миллионевроӣ барои “тақвияти саноъати силоҳсозии Аврупо” ирсоли саривақтии муҳиммот ба Укроин хабар дод. 

Артиши Укроин чанд ҳафтаест, ки омодаи “зидҳамлаи баҳорӣ” барои бозпасгирии манотиқи ишғолшудаи ин кишвар тавассути Русия мешавад. Ниёзи аслии артиши Укроин таъмини гулӯлаҳои тӯпхонаи 155 милиметрӣ аст. 

Ҳамзамон, анбори захираи муҳиммоти кишварҳои аврупоӣ, ки дар моҳҳои гузашта ба Укроин кумак кардаанд дар ҳоли тамомшавӣ аст ва ин мавзӯъ боиси нигаронии шадиди мақомоти Иттиҳодияи Аврупост. 

Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ пас аз суқути девори Берлин ва поёни ҷанги сард, итминон пайдо карда буданд, ки дигар лузуме ба харҷи ҳазинаҳои ҳангуфт дар заминаи тавлиди таслиҳоти низомӣ надоранд. 

Бо ин ҳол ин итминон ҷояшро дар як соли гузашта ба шак ва тардид додааст. Стратегияи аврупоииҳо пас аз ҳамлаи 24 феврали Русия ба Укроин комилан тағйир ёфтааст. 

Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо умедвор аст бо будҷаи нави қабулшуда битавонад бо як тир ду нишон бизанад. Ҳам муҳиммоти мавриди дархости Укроинро таъмин ва ҳам анборҳои муҳиммоти кишварҳои узвро пур кунад. 

Терри Бретон, комиссари фаронсавии бозори дохилии Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд: “ҳеҷ кас пешбинии чунин ҷанги тӯлонӣ ва сахте дар Аврупоро намекард. Камбуди захираи муҳиммот на танҳо дар Аврупо балки ҳатто дар Амрико ҳам имрӯз бадал ба як буҳрони ҷиддӣ шудааст.” 

Бретон дар ҳимоят аз будҷаи ҷадиди комиссияи Аврупо барои саноъати дифоъии ин қора гуфт, ки “ҷанги Укроин ба мо нишон дод, ки ниёзи мубраме ба тағйири барнома вуҷуд дорад.” 

Ба гуфтаи ин комиссари фаронсавӣ “Аврупо ниёзманди тағйироти ҷиддии иқтисодӣ дар даврони ҷанг” аст. 

Терри Бретон чаҳоршанбе гуфт: “наметавонем содда бошем. Масъулияти аслии мо ҳифозат аз ҷони шаҳрвандони аврупоӣ аст. Ин як воқеияти геополитика аст ва бояд онро бипазирем.” 

260 миллион аз 500 миллион евро кумаки молӣ ба саноъати дифоъии аврупоӣ, аз тарафи “сандуқи аврупоии дифоъи муштарак” ва бақияи он аз бахши “бозори муштараки аврупоӣ” таъмин мешавад. 

Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо умедвор аст битавонад як кумаки 500 миллион евроӣ ҳам аз бахши хусусӣ бигирад ва барои саноъати дифоъӣ ва таслиҳотӣ ҳазина кунад. 

Кумаки 500 миллионевроии Комиссиюни Аврупо гоми севум ва поёнии иттиҳодия барои “анҷоми комили тааҳҳудот ба Укроин то поёни моҳи март” аст. 

Ҳадафи аслии Иттиҳодияи Аврупо ин аст, ки дар дувоздаҳ моҳи оянда беш аз як миллион гулӯлаи 155 милиметрӣ таҳвили Укроин шавад. 

Комиссари бозори дохилии Иттиҳодияи Аврупо чаҳоршанбе гуфт, ки мутмаин аст ин ҳадаф ба натиҷа мерасад. 

Тарҳи “кумаки 500 миллионевроии Иттиҳодияи Аврупо ба саноъати дифоъӣ барои сохти муҳиммот” ҳамчунон ниёзманд тасвиб дар парлумонҳои кишварҳои узв аст. 

Албатта бо таваҷҷуҳ ба ин ки бисёре аз 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо пештар аз Укроин ҳимоят кардаанд, дар ин замина набояд шаку тардиде вуҷуд дошта бошад чаро, ки ниҳоятан тавлиди муҳиммот метавонад ба унвони бахше аз манофеъи миллии ин кишварҳо низ талаққӣ шавад. 

Дар ҳоли ҳозир танҳо 11 кишвар аврупоӣ, Булғория, Хорватия, Чехия, Фаронса, Олмон, Юнон, Италия, Лаҳистон, Словакия, Испания ва Суид ҳастанд, ки зарфияти тавлиди гулӯлаҳои тӯпхонаи 155 милиметрӣ дар Аврупоро доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *