11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

“Гусейн”, Инфантино ва бӯи ғуломӣ дар димоғи Оила

Ҳарорати баҳси сафари блогери озаринажоди Русия ба Душанбе ва пешвози ӯ дар сатҳи як мансабдори сатҳи олӣ, ки ҳафтаи охир дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ доғ буд, поин меравад. Пешвози пурдабдабаву пурмасраф аз як блогер ва баҳс рӯи он нишондиҳандаи на танҳо сатҳи дарки ҳокимони Тоҷикистон аз ҳукумат буд, балки умқи нузули бархе “зиёиён” барои дарёфти пораустухонеро ҳам ба намоиш гузошт, ки ҷомеъа бидуни таваҷҷӯҳ аз он убур кард. Мавзӯъе, ки рӯи он бояд таваҷҷӯҳ шавад.

“Гусейн” ва таблиғи Тоҷикистон

Блогери озаритабор Ҳусейн Ҳасанов, ки бинобар набудани ҳарфи “Ҳ” дар забони русӣ, русҳо Гусейн Гасанов садо мезананд ва тоҷикони русзада низ аз он пайравӣ мекунанд, беш аз 26 миллион пайгир ё бинанда дорад. Аз баҳонаҳое, ки “Фабрикаи ҷавоб” ё “Фермаи фавоб” дар тавҷеҳи истиқболи шоҳона аз ӯ меорад ин аст, ки Ҳусейн бо ин ҳама бинанда метавонад муаррифгари Тоҷикистон барои сайёҳон бошад. 

Чун зикри “Фабрикаи ҷавоб” рафт бояд тазаккур дод, ки ин фабрика бори дигар собит кард аз тарафи кӣ ва барои чи коре сохта шудааст. Дар ду ҳафтаи баҳсҳо ин фабрика дар ихтиёри набераи раисҷумҳур Исмоил Соҳибов буд ва аз ӯ на танҳо ҳимоят мекард, балки дар сатҳи қаҳрамоне ҷилва медод, ки бо як дастбаҳамзадан миллионҳо сайёҳро ба Тоҷикистон ҷалб хоҳад кард. Ин тахминҳо, ки “фабрика” аз ҷониби КДАМ, ВКД, Дастгоҳи раисҷумҳур ё Вазорати фарҳанг барои ҳимоя ва таблиғи расонаии ҳукумат ва сияҳсозии мухолифин сохта шудааст, бепоя баромад; Ин “ферма” мисли ҳамаи дигар ниҳодҳо танҳо ва танҳо ба нафъи Оила хидмат мекунад ва ҳар гоҳе лозим шуд метавонад муассион ва мудиронаш дар чеҳраи раҳбарон КДАМ-у ВКД ва ҳар ниҳоди дигареро (ба истиснои Дастгоҳи иҷроия, ки раҳбараш узви Оила аст) ба г*ҳ нишонад.  

Аммо оё воқеъан Ҳусейн Ҳасанов метавонад муаррифгари Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ бошад?

Даъвати ин блогер ба ҳайси муаррифгари мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон мисли ин аст, ки шумо ба ҳайси воридкунанда ё истеҳсолкунандаи телевизор аз молики мағозаи нонфурӯшӣ хоҳиш кунед телевизорҳоятонро ба фурӯш гузорад. Мағозаҳои нонфурӯшӣ бештарини харидорҳо байни ҳамаи мағозаҳои дигарро доранд, аммо ҳеҷ муштарие барои харидани телевизор ба он ворид намешавад. Албатта имкони бисёр ками фурӯхтани чанд адад телевизор вуҷуд дорад, чун баъзе аз харидорони нон, ки дар фикри харидани телевизор ҳам ҳастанд, метавонанд ба онҳо таваҷҷӯҳ кунанд. Аммо ҳатто ҳамин таваҷҷӯҳ ҳам шубҳаҳои зиёд дар пай хоҳад дошт, чун самти фаъолияти мағоза комилан дигар аст. Ҳамчунин фурӯшандаи мағоза камтарин тахассусе дар бораи телевизор надорад ва наметавонад онро ба харидор муаррифӣ кунад. 

Ҳамин тавр, блогери масхарабоз ва қиморбоз ҳам наметавонад муаррифгари тавоноиҳои сайёҳии Тоҷикистон ё ҳар кишвари дигаре бошад. Контенти бинандагони ӯ комилан дигар аст. Ин 26 млн пайгири “Гусейн” тарҷеҳ медиҳанд паси экранҳои телефонҳояшон наворҳои фачу бемаънӣ тамошо кунанд, аз ин ки чанд қадаме ба берун ниҳанду аз ҳавои тоза нафас гиранд, чи расад ба сафар кардан ба Тоҷикистон. Албатта имкон дорад 1 дарсади онҳо, ки ин ҳам кам нест, яъне 260 000 нафар гардишгар бошанд ва тавассути барномаи Ҳусейн бо Тоҷикистон ошно шаванд. Аммо муаррифии блогери масхарабозу қиморбоз аз мавзеъҳои гардишгарӣ бо муаррифии фурӯшандаи нон аз телевизор ҳеҷ фарқе надорад. Чунин муаррифӣ бештар ба гурехтани харидор боис мешавад, на ҷалби ӯ.  

Агар Исмоил блогери озариро воқеъан ба хотири таблиғи Тоҷикистон даъват кард, танҳо хидмати хирсона намуд. Бар замми таҳқири миллат бо пешвозгириву рақси духтару зани тоҷик, ҷамъоварии ҳазорҳо “мухлис”-и Ҳусейн бо болобурдани аксҳои ӯ (дар ҳоле, ки камтарин таҷаммӯъ дар Тоҷикистон бо шиддат таъқиб мешавад), тамаллуқи мансабдорону сафкашии пулис ва ғайра, намоиши ғайрикасбии мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ин блогер зидтаблиғ аст, на таблиғ. Танҳо муаррифие, ки Исмоил ва “Гусейн” аз Тоҷикистон карданд ин буд, ки Тоҷикистон кишварест, ки аз тарафи як хонаводаи худкома идора мешавад ва ҳатто набераи раисҷумҳур барои меҳмонаш ҳар вақте хост ва ҳар роҳеро хост мебандаду ҳар касеро хост ба пешвози меҳмонаш мебарорад.  

Ҷиҳати таблиғи мавзеъҳои сайёҳӣ, бо ҳазинаи бамаротиб камтар мешуд телевизионҳои касбӣ, барои мисол National Geographic-ро ҷалб сохт, ки контенташ танҳо сайёҳон ва дӯстдорони табиат ҳастанд ва тими техникиаш ҳам касбӣ, ки медонад чиро ва чи гуна нишон диҳад. 

Аммо бо гумони ғолиб, бо шинохте, ки аз Оила дорем, ҳадафи Исмоил аз даъвати “Гусейн” аслан ҳеҷ муаррифие набуд, ки ба ин масъала поёнтар бармегардем. 

Инфантино ва мансабгуруснагии Оила

Баъди Ҳусейн Ҳасанов Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино вориди Тоҷикистон шуд. Дабдабаи пешвози ӯ дар кӯчаҳо албатта мисли пешвози блогери озаритабор набуд, аммо сатҳаш бамаротиб баландтар. Агар “Гусейн”-ро набераи раисҷумҳур истиқбол кард, президенти ФИФА-ро худи раисҷумҳур ва раиси Маҷлиси Миллӣ, яъне ду нафари аввали кишвар.

Бисёр кам иттифоқ меафтад, ки раисҷумҳур ё раиси маҷлиси кадом кишваре бо президенти ФИФА мулоқот кунад, магар дар ҳолатҳои ихтисосӣ, мисли баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ ва ғайра. Ҳатто ҳамин ҳолат ҳам ба нудрат ба қайд гирифта шудааст. Аммо дар Тоҷикистон ӯро дар олитарин сатҳ қабул карданд ва шояд бори аввал дар таърихи раҳбариаш Инфантино бо ду нафари аввали як кишвар мулоқот мекунад… 

Дар асл ин сатҳ бамаротиб пойинтар буд. Яъне дар мулоқот бо Инфантино на Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳур буд ва на Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ё ҳатто шаҳрдори Душанбе. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Кумитаи олимпии Тоҷикистон ва писараш ба ҳайси раиси Федерасюни футболи Тоҷикистон бо президенти ФИФА мулоқот карданд. 

Аъзои Оила он қадар мансабҳо дар Тоҷикистонро инҳисор ё монополия кардаанд, ки иҷоза намедиҳанд ҳатто мансабҳои варзишӣ ба дигарон бирасад. Бар замми раисҷумҳурӣ ва чанд масъулияти давлативу ҳизбӣ (ӯ раиси ҳизби ҳоким аст), Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раиси Кумитаи олимпии Тоҷикистон мебошад. Писараш бар иловаи курсиҳои раёсати Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдорӣ, курсии раиси Федератсиюни футболи Тоҷикистонро ҳам зери думбааш гузоштааст. Чанд рӯз қабл ӯ ҳамчунин раиси Федерасюни футболи Осиёи Марказӣ низ “интихоб” шуд. Набераи раисҷумҳур Исмоил раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон аст. Оила ҳатто мансабҳои сатҳи дувумро ҳам мекӯшад ба худ ихтисос диҳад — муовини раиси Кумитаи олимпии Тоҷикистон домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов мебошад. 

Ҳар намояндае аз ҳар куҷои дунё ба Тоҷикистон омад, чи сиёсӣ аст ва чи иқтисодӣ ва ё варзишӣ, камтар иттифоқ меафтад, ки бо яке аз аъзои Оила бархӯод накунад. 

“Бӯи гадоӣ 40 сол аз димоғ намеравад”. Бӯи ғуломӣ чӣ? 

Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар 20 соли фаъолияти сиёсиаш як ҳарфи мондагор гуфтааст: “Гадо агар 40 сол подшоҳӣ ҳам кунад, бӯи гадоӣ аз димоғаш намеравад”. Оё мешавад ҳамин таъбирро нисбати ғулом ба кор гирифт? Оё бӯи ғуломӣ ҳам мондагор аст ва чанд сол аз димоғи ғулом намеравад?

Мақомоти Тоҷикистон, бо шумули раисҷумҳур, дар ҳама самтҳое, ки бо Русия ва русҳо бастагӣ дорад, ҳамеша бархӯрди ғуломона доранд. Бархӯрди онҳо бо ҳар амалкарди Русия танҳо бо даст пеши бар ва “хуб шудаст” тамом мешавад. Онҳо ба самти Русия мисли ғулом ба хоҷааш нигоҳ мекунанд. Ҳатто замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон гоҳе ба худ иҷоза медиҳад ба Русия эътироз кунад, ин эътироз ғуломона аст. Мисоли охиринаш ҳам ҳамон эътирози пурсарусадои ӯ ба Путин буд, ки мегуфт ба мо таваҷҷуҳ намекунед.  

Иллати ин агар аз як тараф тасарруфи 150-солаи Русия ба Осиёи марказӣ ва ғуломсозии саросарӣ дар замони Шӯравӣ бошад, аз тарафи дигар дастнишондаи Русия будани худи Раҳмон аст. Ӯ бо кӯмаки артиши Русия сари қудрат омадааст, ҳамеша дастнигари ҳукумат ва низомиёни ин кишвар буда ва ҳаргиз садое болотар аз садои ғулом алайҳи ин кишвар баланд накардааст. Ин амр ба аксари мансабдорони кишвар сидқ мекунад. 

Пешвозгирии душмантарин душмани тоҷикон мисли миллатгароҳое аз қабили Жириновский ва Тесак бо нону намак ва гулдухтарон низ ба ҳамин хӯ ва эҳсоси ғуломӣ бармегардад. Бо вуҷуди ҳукуматкунии сисола ва ғуломсозии саросарии мардум, бӯи ғуломӣ ҳанӯз аз димоғи ин тоифа нарафтааст ва бо ҳар дидани хоҷа он тезтару тундтар мешавад.

Бархӯрди Исмоил бо блогери озаритабори Русия низ айни ҳамин бархӯрди ғулом бо хоҷааш аст. Бӯи ғуломӣ аз бобову бобокалонаш то ӯ сироят кардааст ва шояд ба насли баъдӣ ҳам бирасад. Вагарна, агар ҳарф сари маъруфият буд, дар ҷаҳон садҳову ҳазорҳо блогерони дигар вуҷуд доранд, ки бинандаҳояшон бамаротиб бештар аз “Гусейн” аст. Ҳар кадоме аз онҳо на танҳо бо камтар аз ин пазироиш бо камоли хушҳолӣ ба Тоҷикистон меомаданд, балки воқеъан метавонистанд ҳам Тоҷикистонро таблиғ кунанд ва ҳам худи Исмоилро.   

Аммо ғулом танҳо хоҷаашро мебинад.

Баъдан, ғуломону гадоёни бақудратрасида ҳамеша эҳсоси худкамбинӣ назди афроди маъруфтару таъсиргузортар аз худашон ҳастанд. Ҳамин аст, ки «хоаи ҳамакора» мешаванд ва дар ҳама соҳаҳо «аллома».

Баҳс идома дорад…

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *