Рубрики Хабарҳо

МУОМИЛАИ ВОЛИДОН БО ПИСАРБАЧАИ НАВРАС

Ҳаёти инсон якчанд марҳала дорад. Марҳалаи кӯдакӣ, марҳалаи наврасӣ, марҳалаи ҷавонӣ, сипас миёнасоливу охирон кӯҳансолӣ.

Наврасӣ аз марҳалаҳоест, ки байни кӯдакиву ҷавонӣ ҷой дорад. Дар ин марҳала инсон на кӯдак ҳисобида мешавад, на ҷавони ақлаш комил гашта. Наврасӣ аз душвортарин марҳала барои  фарзанду волидон мебошад. Вақте писарбача наврас мегардад, якбора ҷисману фикран тағйир меёбад. Гумон мекунад дигар бузург гашт ва ба тарбияву ёрии касе муҳтоҷ нест ва худаш ба танҳоӣ метавонад аз ӯҳдаи ҳаёташ барояд.

Волидон бояд бо писарӣ навраси худ хеле эҳтиётона муомила намоянд. Ба роҳҳои бад рафтани ҷавонон аз наврасӣ шурӯъ мешавад. Наврасе, ки дар ин марҳала худашро ба даст мегирад, дар оянда шонси гумроҳ гаштанаш хеле кам мешавад.

Барои аз ин марҳалаи душвор бо муваффақият убур намудан, волидон бояд ҳолати фарзанди худро дарк кунанд. Ӯ чӣ мехоҳад, ба чӣ ниёз дорад, нуқтаҳои заъфаш дар чист? Инҳоро дониста фарзандашонро дастгирӣ кунанд.

Вақте фарзанд наврас гашт, бояд дарк кунем, ки ӯ дигар кӯдак нест. Ба сари ӯ доду фиғон задан, мисли кӯдакон ба ӯ, инро кун, вайро накун гӯён фармон додан хатост. Ӯ худро бузург ҳис мекунад, намуди зоҳирияш ҳам шабеҳи бузургон гаштааст. Бо ӯ бояд чунон муомила кунем, ки худро кӯдак ҳис накунад. Агар мехоҳед ба писари наврасатон фармоише диҳед, эҳтиромона аз ӯ хоҳиш кунед.

Агар хатое аз писарбачаи наврас сар зад, асло мисли кӯдак ӯро ҷазо надиҳед. Ҷазо додани наврас паёмадҳои хеле бад дорад. Аз хона берун кардан, худое накарда калтак задан, аз бозӣ ва ё телефони дастиаш маҳрум сохтан. Дигар ӯ кӯдак нест, ки ҷазои шумо ӯро тарсонад. Ӯ худро бузург меҳисобад. Вақте ӯро ҷазо додед баҷои ислоҳ гаштан бадтар мегардад. То тавон аз сайтарати шумо озод шуданро ҳаракат мекунад. Яке аз саҳобагони Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:

Дар ҳафт соли аввал бо фарзандонатон бозӣ кунед, ҳар кореро, ки мехоҳед ба онҳо ёд диҳед аз тариқаи бозӣ ёдашон диҳед. Аз ҳафтсолагӣ то чордаҳсолагӣ ба онҳо таълим диҳед, ҳамчун шогирд бо онҳо муомила намоед.. Аз чаҳордаҳ солагӣ то ҳаждаҳ солагӣ бо фарзандонатон дӯстӣ кунед. Ҳамчун рафиқатон бо онҳо муомила намоед.

Вақте гуфтем дар наврасӣ бо фарзанд ҳамчун рафиқ бояд муомила кард, албатта ҳамагон медонем, ки инсон рафиқашро барои хатояш танбеҳ намедиҳад, ба сари рафиқаш доду фиғон намезанад. Ба ӯ насиҳат мекунад. Агар хатогӣ аз ҳад гузашт бо ӯ қаҳр мекунад, чанд рӯз барои ислоҳи хатогиаш бо ӯ қаҳри мешавад, суҳбат намекунад.

Баъзан волидон  дар писари наврасӣ худ камбудиҳои ҷиддӣ мушоҳида мекунанд. Асабоният, қаҳру ғазабҳои бемаврид, ҷангҷолҳои доимӣ, дӯсти кардан бо рафиқони бадахлоқ, даст задан ба алколу сигоркашӣ. Дар ин ҳангом волидони боҳикмат ба ҷои танбеҳу таҳқири фарзанд, бо писараки худ нишаста сӯҳбатҳои таъсиргузор анҷом медиҳанд. Ба писари худ оқибатҳои бади рафторашро, агар ислоҳ нагардад, балоҳои ба сараш меомадаро ёдовар мешаванд. Насиҳатҳои самимии волидон махсусан падар албатта таъсир мегузорад. Инҷо беҳтарин намунаи тарзи муомила бо наврасонро дар  Паёмбар бубинед.

Рӯзе ҷавоне, ки ҳанӯз наврас буд ба назди Паёмбар омада дар назди ҷамоъат мегӯяд:

Ё Расулаллоҳ оё ба ман ба зино кардан, иҷозад медиҳед?

Вақте атрофиён ин сухани писарбачаро мешунаванд, ҳамагон ба заҷр кардан, шурӯъ мекунанд. Вой бар ҳолат, чӣ мегӯи гӯён, маломат мекунанд.

Аммо Паёмбар, ки беҳтарини башар ҳастанд, он ҷавонро  ба наздашон даъват мекунанд. Вақте ҷавон наздик мешавад,  аз ӯ хоҳиш мекунанд то биншинад. Сипас ба ҷавон мегӯянд:

Ту мехоҳӣ бо духтари шахсе зино кунӣ, оё мехоҳӣ ҷавоне мисли ту бо модарат муртакиби ин гуноҳи кабира гардад, ва ё бо хоҳарат ва ё бо аммат ва ё холаат ва ё духтарат агар фарз кардем, ки духтар дошта бошӣ?!

Бо шунидани ин саволҳо Ҷавон бо ҳаммосият мегӯяд:

На  қасам ба Аллоҳ ман асло инро намехоҳам. Ҷонам фидоятон бод ман инро ба модару хоҳару азизонам асло намехоҳам.

Паёмбари Аллоҳ мегӯянд: Вақте ту ба азизонат намехоҳӣ, мардум низ мисли ту ҳастанд, онҳо низ ин мусибатро ба азизонашон намехоҳанд.

Сипас Паёмбар дасташонро ба сари ҷавон гузошта мегӯянд:

اللهما اغفر ذنبه و طهر قلبه و حصن فرجه

Парвардигоро гуноҳҳои ин ҷавонро мағфират намо, қалбашро покиза гардон, номӯсашро аз ДУЧОР гаштан ба гӯноҳ ҳифз намо.

Пас аз ин, бо баракати сӯҳбату дуои Паёмбар ин ҷавон асло фикри ба гуноҳ наздиктшуданро намекунад. (Муснади Аҳмад)

Волидон бояд баъзе масъулиятҳои хонаводаро ба души писари навраси худ ниҳанд. Бигзор фарзанд, ҳис кунад, ки волидон ба ӯ эътимод доранд, ба ӯ бовар мекунанд. Баъзе харидҳои хона, ёрӣ расондан ба падар инҳо ҳама наврасро қуввати дил мебахшад. Худро фармонбари волидон неву ёрирасони онҳо мешуморад.

Наврас дигар кӯдаки ҳафт сола нест, ӯро дар умури шахсияш ба чизе маҷбур насозед. Бояд кадом хӯрокро хӯрад, кадом либосро пӯшад, ба навъи кадом варзиш машғул шудан ӯ худ хубтар медонад.

Одатан писарбачаҳои наврас дӯст доранд мустақил бошанд, падару модар ба онҳо коре надошта бошад. Албатта ин фикрашон иштибоҳ аст. Падару модар ба ҷуз некӣ чизи дигареро ба фарзандӣ худ намехоҳанд. Муносибатҳои ғалати волидон бо фарзанд сабаб мегардад, то тавон фарзанд худро аз волидон дур кунад. Ӯ фикр мекунад мақсади асосии волидон зери назорат гирифтани фарзандон, ҳукумрони кардан ба онҳо мебошад. Хусусан вақте мебинад, падару модар ҳамеша бо услуби фармондиҳӣ сӯҳбат мекунанд.

Барои он, ки фарзанди наврас дар шумо ҷаббори фармонраво неву дӯсти беназирро бубинад, бо ӯ сӯҳбатҳои ошкоро гузаронед. Аз баъзе хатоҳои дар навраси анҷом додаатон нақл кунед. Қиссаҳои дӯстони худро ёдовар шавед. Аз дӯсту ёр писаратон пурсон шавед, баъзе вақтҳо ба мактабу ҷамоъматҳояш иштирок кунед. Иҷоза диҳед фарзандатон дӯстонашро дар хонаатон меҳмон кунад, бо дӯстонаш эҳтиром гузоред.

Аёми навраси инсонро мушкилиҳои зиёд иҳота мекунад. Ҷисму ақлаш якбора дар ҳолати дигаргунӣ аст. Баъзан худро хеле бузург ҳис мекунад, баъзан чун кӯдак ба навозиши бузургон ниёз дорад. Волидон ғамгинии фарзандашонро аз чашмонашон дарк мекунанд. Агар дидед писаракатон ғамгин аст, бо навозиш дохили қалбаш гардед. Мушкилиҳояшро бипурсед барои ҳалли мушкилиҳояш машварат диҳед. Асло дар рӯзҳои ғамгиниаш хатоҳояшро зикр накунед.  Ба сараш айби худат шуд гӯён фарёд назанед. Агарчӣ зоҳиран бузург аст, ӯ ҳанӯз кӯчак аст. Маломатҳои шумо ӯро пора мегардонад. Дигар асло шуморо шарики ғуссаҳояш намесозад. Ҳама дарду аламҳошро бо худ мехурад. Баъзан мушкилиҳояшро ҳал карда натавониста ҳатто даст ба худкушӣ мезанад.

Ғизои маънавӣ  сипаре аст, ки тирҳои душманро мешиканад. Ҳамроҳи фарзандатон ба масҷид равед. Ӯро бо худ ба сӯҳбатҳои солеҳон бубаред. Вақте пойбанди дини худ мегардад, албатта беҳтарин ахлоқро соҳиб мешавад. Наврас ҳатман ба ҷуз дарсҳои мактаб аз таълими дин ҳам ақиб намонад. Барояш устоди бо таҷрибаву муътадилро пайдо намоед.

Писарбачаи наврас дигар бузург аст, ӯро гоҳ-гоҳ ба назди дӯстонатон баред. Бигзор дар канори падар, ҳамчун ҷонишини ӯ худро ҳис кунад. Таваҷҷуҳи шумо ба писарбачаи худ сабаб мегардад, то дар оянда ҷавони солеҳу бо тарбият бузург шавад. Ба ҷои ба бегонагон дарди дил кардан, ғамҳояшро бо шумо хурад бо маслиҳати шумо амал кунад. Бо фарзандони наврас ҳамчун дӯсту рафиқ муносибат кунад, бар ивазаш тамоми умр аз хубиҳояш баҳра мебаред.

Муслима Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *