Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як барномаи телевизионӣ изҳори нигаронӣ кард, ки “гурӯҳҳои ҷиноӣ” дар Бадахшон аз супоридани силоҳ худдорӣ мекунанд. Ин ниҳод ба ин назар аст, ки гурӯҳҳо вонамуд мекунанд, ки ба ҳаёти осоишта баргаштаанд, аммо дар асл вазъ комилан дигар аст.
КДАМ мегӯяд, дар панҷ соли охир 1500 мил силоҳ дар Бадахшон супорида ё мусодира шудааст, аммо то ҳанӯз миқдори зиёди силоҳ дар Бадахшон боқӣ мемонад. Ин силоҳҳо аз кӣ мусодира шудаанд, то ҳол ин мақом маълумоте ироа накардааст. Ва ин даъвояшро ҳам, ки дар дасти мардум миқдори зиёди силоҳ мавҷуд аст, бо далеле асоснок намекунад.
“Далел”-и КДАМ ин аст, ки Бадахшон дар аз рӯи ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар мақоми аввал будааст. Ҳарчанд ин “далел” ҷои баҳс дорад, вале бо он амниятиҳои Тоҷикистон иқрор мекунанд, ки ин намудҳои ҷиноят дар минтақаҳои дигар ҳам вуҷуд доранд. Пас чаро рӯи Бадахшон ин қадар воҳима мекунанд?
Зиёд будани гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир агар воқеъан зиёд аст (ҳарчанд ин масъала бо далелҳои зиёд боварнакарданист), бештар на ба вуҷуди гурӯҳҳои ҷинояткор дар ин вилоят, балки бештар ба мавқеъи ҷуғрофии он бастагӣ дорад. Бадахшон бештарин тӯли сарҳад бо Афғонистонро дорад ва он тақрибан назорат намешавад. Чун назорати сарҳад бо ин дарозӣ бо имконоте, ки Тоҷикистон дорад, ғайриимкон аст. Табиист, ки бинобар хавфи камтари дастгир шудан, ҷинояткорон мекӯшанд аз ин минтақа бешатр истифода кунанд. Ва ҳатмӣ нест, ки он ҷинояткорон бадахшониҳо бошанд.
Таҳдиду таънаи раисҷумҳур ба мардуми Бадахшон ҳам гувоҳи ин аст, ки масъала ҷинояткорӣ нест. Вагарна мардуми қатории Бадахшон чӣ бастагие ба ҷинояткорӣ доранд, ки раисҷумҳур ба онҳо миннат мекунад минтақаи кӯмакгир ҳастанд ва ба кишвару давлат чизе надодаанд: “Дар ҳамин 27 сол ба давлат чӣ додед?”
Чаро ба мардум таҳдид шуд?
Зоҳиран мақомот интизор доштанд, ки баъди ин таҳдиду миннатгузориҳо ва воридсозии артиш мардум даст ба хушунат мезанад. Вале бадахшониҳо мавзӯъро бисёр хуб дарк карданд ва эълони ҳамкорӣ бо мақомот намуданд. Раисҷумҳур ҳам як моҳ мӯҳлат додааст ва аз он мӯҳлат ҳамагӣ 5 рӯз боқӣ монда. Кӯшишҳои мақомот барои барангехтани фитнае натиҷа надод. Инак, замоне ки КДАМ ва нерӯҳои низомӣ дар Бадахшон қарор доранд ва амалиёт анҷом медиҳанд, гурӯҳи ҷиноии номаълуме кӯшиши интиқоли силоҳ ба Бадахшонро мекунад. Аҷобати дигари ин “кӯшиши интиқоли силоҳ” дар ин аст, ки мақомот дар бораи он баъди 10 рӯз хабар медиҳанд. Ҷузъ ҳамин даъвои мақомот дигар ҳеҷ далели сурат гирифтани ин кӯшиш вуҷуд надорад.
Ҳоло, ки мӯҳлати додаи раисҷумҳур ба анҷом мерасад, КДАМ эълон мекунад, ки “гурӯҳҳои ҷиноӣ” намехоҳанд силоҳҳояшонро ба замин гузоранд. “Вонамуд мекунанд, ки ба ҳаёти осоишта баргаштаанд”, аммо силоҳ дар дасташон аст. КДАМ зарур надонист барои ин даъвояш ҳатто як далел биёварад. Ба ҷуз “кӯшиши интиқоли силоҳ” дар 10 рӯзи пеш, ки он ҳам танҳо як даъвои шубҳанок аст.
Пас ҳадаф аз ин даъво чист?
Масъалаи аввал рӯҳи озодихоҳии мардуми Бадахшон ва якпорчагии онҳо дар пайравӣ ба пешвоёни маҳаллии худашон аст. Режимҳое мисли режими Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуди пешвои маҳаллие, ки мардум аз ӯ якпорча итоат кунанд, эҳсоси хатар мекунанд. Барои ин гуна режимҳо лозим аст ҳеҷ пешвое ҷузъ пешвои ягона набошад ва мардум имкони ҷамъшавӣ атрофи ҳеҷ нафари дигареро надошта бошад. Бинобар ин мекӯшад ҳар пешвоеро дар маҳалҳо аз байн бибарад.
Ҳимояти қаблии мардуми Бадахшон аз пешвоёни маҳаллӣ собит сохт, ки аз байн бурдани онҳо бо дастгир кардан, террор ё амалиётҳои махсус имконнопазир аст. Барои ин кор як амалиёти густарда ва фарогир бо артишу таҷҳизоти зиёд лозим аст, ки ба мардум имкони нафаскашӣ надиҳад. Бинобар ин режим бо баҳонаи сафари раисҷумҳур ба минтақа воҳидҳои зиёди низомӣ ва таҷҳизоти ҷангиро ворид сохт. Фармони раисҷумҳурро ба хотир оварем: “Тамоми қуввае, ки ҳаст, меистад, ба тартиб дароред, баъд баромада равад!”
Зоҳиран сабру ҳиммати мардуми Бадахшон ва худдориашон аз рӯёрӯи бо мақомот нақшаи қаблан тарҳрезишударо нақши об кард ва баҳонае барои амалиёти низомӣ боқӣ нагузошт. КДАМ бояд баҳонаро пайдо ва мӯҳлати додаи раисҷумҳурро бештар кунад.
Масъала силоҳ аст ё маводи мухаддир?
Як манбаъи Паём мегӯяд баъди забти навоҳии ҳамсарҳади Тоҷикистон дар Афғонистон аз тарафи Толибон, интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистонро аз тарафи гурӯҳи трансмиллӣ мушкил кардааст. Ин гурӯҳ, ки аз тарафи роҳбарияти КДАМ пуштибонӣ мешавад, дигар наметавонад тавассути он ноҳияҳо маводи мухаддир интиқол диҳад. Ӯ мегӯяд ҳодисаи тирандозӣ ба “ҷангалбонон” дар сарҳад, ки ду кушта ва як маҷрӯҳ боқӣ гузошт, мустақиман ба фаъолияти ин гурӯҳ рабт дошт, ки ба ин мавзӯъ дар мақолаҳои оянда бар хоҳем гашт.
Ин гурӯҳи трансмиллӣ дар Бадахшон ҷои по надошт ва бо баста шудани роҳҳои интиқоли маводи мухаддир дар вилояти Хатлон, мехоҳад дар Бадахшон хати интиқол боз кунад. Барои ин кор тамоми гурӯҳҳои мавҷуд дар Бадахшон ва нафарони таъсиргузор, ки метавонанд ба роҳандозӣ кардани як хати транзитӣ тавассути Бадахшон халал расонанд, бояд хунсо шаванд.