Рубрики Хабарҳо

Боздошти ҷавонони тоҷик аз масҷид ва истирдоди онҳо (Видео)

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта,  гурӯҳи ҷавонони намозхонро аз масҷиди шаҳри Рязани Федератсияи Русия  боздошт намуда, ба идораи пулиси ноҳияи Октябрскии ин шаҳр бурданд. Тули як шабонарӯз  онҳоро дар идораи пулис нигоҳ дошта, нисбаташон бо ҷурмҳои сохта, парванда кушодаанд.

Тавре шоҳидон ба Паём хабар доданд, аллакай имрӯз нисбати иддае аз онҳо бо қарори суд, ҳукми истирдод содир шудааст ва ба онҳо 10 рӯз муҳлат дода шудааст, ки аз Русия хориҷ шаванд. Дар сурати хориҷ нашудан ба онҳо боз шудани парвандаи ҷиноӣ ва ҳабс таҳдид мекунад.

Чанд шаҳрванди Тоҷикистон ҳам дар боздошт, ҷарима ва ҳатто истирдод шудаанд. Як нафаре, ки дар байни боздоштшудагон будааст ва нисбаташ суди ноҳияи Октябрскии шаҳри Рязан ҳукми истирдод содир кардааст, бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Паём гуфт, ки аксарияти нафарони боздоштшударо ду ҳазор рублӣ ҷарима кардаанд. Дар киса маблағҳои доштаашонро бидуни тартиб додани ҳеҷ санаде мусодира намуданд. Нисбати даҳҳо нафар  ҳукми истирдод содир шудааст, ки худи ӯ яке аз онҳост. Муроҷиаташон барои кумаки ҳуқуқӣ ба сафорати Тоҷикистон дар Русия натиҷае надодааст ва касе ба додашон нарасидааст. 

Ӯ дар сӯҳбат бо радиои Паём гуфт онҳоро замоне боздошт карданд, ки аз масҷид хориҷ мешуданд: “вақте аз масҷид баромадем, онро аллакай кормандони ОМОН мусодира намуда буданд ва моро боздошт карда ба идораи пулис бурданд. Онҷо як шабонарӯз нигоҳ доштанд. Баъзеҳоро 2000 рублӣ ҷарима карданд, визаи қисматеро бекор ва гурӯҳеро истирдод карданд”.

Ин ҷавони тоҷик гуфт бештарини таҳқир ва ҷазоро шаҳрвандони Тоҷикистон гирифтаанд. “Вақте диданд тоҷикӣ, пулҳоятро пурра мусодира ва худатро истирдод мекунанд. Касе пуштибони тоҷик нест. Вақте ба сафорат занг мезанӣ, ҷои он ки пуштибонӣ бинӣ, ҳам аз кормандони сафорат таҳқир мешунавӣ, ва ҳам баъди занг задан ба онҳо пулис ҷазоятро сахттар мекунад”- изҳор дошт ӯ.

Тибқи хабарҳое, ки ба Паём расидааст, ингуна муносибат бо муҳоҷирони тоҷик дар ҳама гушаву канори Русия  дида мешавад. 

Дар ҳамин ҳол бино ба иттилои расонаҳои русӣ давлати Русия тарҳеро тасвиб кардааст, ки дар соли 2020 теъдоди  муҳоҷирони корӣ дар бархе аз бахшҳои иқтисодии ин кишварро коҳиш диҳад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати кори Русия,  Вазорати сохтмони Русия пешниҳод кардаанд, ки дар соли 2020 дар қаламрави вилоятҳои Амур, Бурятистон ва Маскав саҳми муҳоҷирони корӣ дар бахши сохтмон коҳиш дода шавад.

Бар асоси ин тарҳ, дар ҷумҳурии худмухтори Доғистон дар соли 2020 теъдоди  коргарони муҳоҷирони корӣ то ба 50 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳамчунин мақомоти Вазорати кишоварзии Русия хостори мушаххас кардани теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар кишту бардошти маҳсулоти кишоварзӣ дар қаламрави ин кишвар шуданд.

Ҳадаф аз ин иқдом, коҳиши теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ва эҷоди ҷои кор ба шаҳрвандони муқими ин кишвар унвон мешавад. Тибқи маълумот дар Русия, 70 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон дар бахши сохтмон дар манотиқи мухталифи Русия фаъолият мекунанд, ки тасвиби ниҳоии ин қонун ба зиёни муҳоҷирони кории тоҷик хоҳад буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *