Рубрики Хабарҳо

Низомиёни тоҷик дар бузургтарин размоиши “Марказ-2019”ширкат мекунанд

Машқҳои низомии  солонаи низомиҳои Русия таҳти номи «Марказ-2019» дирӯз, 16 сентябр шуруъ шуд. Ба размоишҳо, ки то 21 сентябр давом хоҳанд кард, ҷузъу томҳои Чин, Ҳинд, Покистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мепайванданд.

Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки соли ҷорӣ «истифодаи неруҳои муштараки кишварҳо дар мубориза бо терроризми байналхалқӣ ва таъмини амният дар Осиёи Марказӣ» санҷида мешавад.

Интизор меравад, ки размоиши кунунии ҳавзаи низомии Марказӣ бузургтарин размоиш хоҳад буд. Ба иттилои маркази таҳлилии амрикоии Jamestown Foundation, дар ин размоиш «128 ҳазор одам, 20 ҳазор силоҳ ва техника, 600 ҳавопаймову чархбол ва 15 киштии низомӣ» ширкат мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *