Вазири умури хориҷаи Укроин рӯзи душанбе аз тасмими кишвараш бар баргузории як нишасти сулҳ, тарҷеҳан ба мизбонии Созмони милал ва бо миёнҷигарии Антониу Гуттериш, он ҳам дар рӯзҳои поёни моҳи феврал, яъне ҳамзамон бо аввалин солгарди ҳамлаи низомии Русия ба Укроин хабар дод.
Дмитрий Кулеба дар гуфтугӯ бо Ассошиэйтед пресс гуфт, ки Киев аз натоиҷи сафари ҳафтаи гузаштаи Владимир Зеленский раисҷумҳури Укроин ба Вашингтон “комилан розӣ” аст ва фош кард, ки давлати Иёлоти муттаҳида барномаи вижае барои омодасозии ҳарчи тезтари ракетҳои “Патриот” тайёрӣ дида, то дар камтар аз шаш моҳ ба баҳрабардорӣ бирасад. Ин дар ҳоле аст, ки пештар гуфта шуда буд, ки омӯзиши истифода аз “Патриот”-и амрикоӣ ба нерӯҳои укроинӣ як сол замон хоҳад бурд.
Кулеба тайи мусоҳибае дар дафтари вазорати умури хориҷаи Укроин гуфт, ки Киев барои пирӯзӣ дар ҷанг дар соли 2023 ҳар иқдоме, ки битавонад анҷом хоҳад дод ва афзуд, ки дипломасӣ ҳамеша нақши муҳимме дар ин қазия ифо хоҳад кард.
Укроин барои даъват аз Русия барои нишасти сулҳ пешшарт таъйин кард
Ӯ гуфт: “ҳар ҷанге билохира ба равиши дипломатик ба поён мерасад. Куллияи ҷангҳо дар натиҷаи таҳаввулоти майдони ҷанг ва мизи музокира ба поён расидааст.” Бар ин асос, Кулеба гуфт, ки давлати Укроин моил аст то поёни феврал як нишасти сулҳ баргузор кунад.
Вай дар посух ба ин савол, ки оё Русияро ба ин нишаст даъват хоҳанд кард, гуфт, ки ибтидо он кишвар бояд ба далели “ҷиноёти ҷангӣ” дар додгоҳи байналмилалӣ муҳокима шавад. Кулеба гуфт: “онҳо фақат аз ин тариқ метавонанд ба ин нишаст даъват шаванд.”
Вазири умури хориҷаи Укроин бори дигар изҳороти мақомоти Русия мабнӣ бар омодагии онҳо барои музокираро камаҳамият ҷилва дод. Ў гуфт: “онҳо мураттабан мегӯянд, ки омодаи музокира ҳастанд, ки албатта ин дурӯғ аст зеро ҳар коре, ки дар майдони ҷанг анҷом медиҳанд хилофи онро собит мекунад.”
Пештар Дмитрий Песков сухангӯи Кремл, дар вокуниш ба сафари ахири раисҷумҳури Укроин ба Амрико зимни ибрози таассуф аз матни баёнияи якҷояи онҳо гуфт, ки на Ҷо Байден ва на Владимир Зеленский дар бораи тамоюли худ барои “гӯш додан ба нигарониҳои Русия” сухане нагуфтаанд.
Ҳама бояд пайи кор бошанд
Вазири умури хориҷаи Укроин дар мавриди нақши Гуттериш ба унвони тартибдиҳандаи ин нишасти сулҳ гуфт: “ӯ собит кардааст, ки як миёнҷӣ ва музокиракунандаи коромад аст, ва муҳиммтар аз ҳама ин ки ӯ як марди пойбанд ба усул ва дурусткор аст. Бинобарин мо аз мушорикати фаъоли ӯ истиқбол мекунем.”
Ӯ гуфт: Созмони милал метавонад беҳтарин макон барои баргузории ин нишаст бошад, ва чӣ беҳтар, ки як кишвари хоссе мизбони он набошад. Чаро, ки дар ин масъала “ҳама бояд бошанд.”