Рубрики Хабарҳо

Лоиқ Раҷабов ҳам дар аввалин размаш дар UFC пирӯз шуд

Лоиқ Раҷабов, варзишгари маъруфи тоҷик дар доираи мусобиқоти ташкилоти UFC баробари ғолиб омаданаш дар аввалин рақобаташ дар UFC 11 партоби муваффақ ҳам анҷом дод, ки рекорд дониста мешавад. Дар ин бора саҳифаи расмии ташкилоти UFC дар Твиттер хабар додааст.

Гуфта мешавад, то ин дам ягон варзишгар дар вазни сабук дар аввалин рақобаташ 11 партоби муваффақ (тейкдаун) анҷом надодааст.

Аввалин рақобати Лоиқ Раҷабов дар доираи мусобиқаи UFC 285 муқобили варзишгари бебохти аргентинӣ Эстебан Рибович баргузор шуд. Рақобат шаби 4 ба 5-уми март дар толори T Mobile дар Лас-Вегаси Амрико баргузор шуд.

Раҷабов бо қарори ҳамаи доварон ба Эстебан Рибович ғолиб омад. Бояд гуфт, ки варзишгари аргентинӣ то ин дам 11 рақобат гузаронда дар ҳамаи онҳо ғолиб шуда буд. Лоиқ Раҷабов бошад дар корномаи варзишиаш 17 ғалаба ва 4 бохт дорад.

Лоиқ Раҷабов дуввумин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки дар ташкилоти маъруфи UFC баромад мекунад. Як ҳафта пеш Нурулло Алиев, варзишгари дигари тоҷик дар UFC баромад карда, ғалаба ба даст оварда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *