Рубрики Хабарҳо

Баҳмут аз се ҷиҳат дар муҳосираи артиши Русия. Укроин нерӯи иловагӣ фиристод

Як мақоми аршади укроинӣ аз эъзоми нерӯҳои кумакӣ ба шаҳри Баҳмут пас аз ташдиди ҳамалоти артиши Русия барои тасарруфи ин шаҳр хабар дод. 

Ба гуфтаи ин мақоми баландпояи укроинӣ шиддати даргириҳо дар ин шаҳри калидӣ воқеъ дар ҷабҳаи шарқӣ пас аз тангтар шудани тадриҷии ҳалқаи муҳосираи артиши Русия афзоиш ёфтааст. 

Анна Маляр, муовини вазири дифоъи Укроин, ки суханонаш аз шабакаҳои телевизионии ин кишвар пахш мешуд ба теъдоди сарбозони эъзомӣ ва ҳадафи анҷоми ин маъмурият ишораи дақиқе накард. 

Бар ин асос мушаххас нест, ки оё ин нерӯҳои кумакӣ барои пӯшиш ё пуштибонии лоҷистикӣ дар сурати ақибнишинии укроиниҳо аз Баҳмут ба минтақа эъзом шудаанд ё он ки бахше аз талоши ҷорӣ барои тақвияти мавцеъи дифоъӣ ва муқовамат дар баробари пешравии артиши Русия ҳастанд, то нерӯҳои мутаҷовиз натавонанд ба хутути дигари набард мунтақил шаванд. 

Сарбозони укроинӣ моҳҳост, ки дар Баҳмут истодагӣ мекунанд ва шумори талафот миёни ду тарафи даргириҳо дар атрофи ин шаҳр бисёр зиёд будааст. 

Низомиёни рус, аз ҷумла теъдоди зиёде аз нерӯҳои тозабасиҷшуда дар артиши Русия, бо шитоб ба хатти муқаддами ҷабҳаи Шарқ мунтақил шудаанд ва ин фурсат барои Укроин фароҳам шуда то бо вуҷуди додани ҳазинаҳои сангин дар миёни нерӯҳои худ, талафоти зиёдеро низ ба муҳоҷимон ворид кунанд. 

Бар асоси гузориши як муассисаи таҳқиқотии мустақар дар Вашингтон мавсум ба “Маркази мутолиоти стратегӣ ва байналмилаллӣ”, Русия дар нахустин соли ҷанги Укроин нисбат ба тамоми даргириҳое, ки аз замони ҷанги дувуми ҷаҳонӣ то кунун дар он ширкат дошта, аз ҷумла дар Чеченистон ва Афғонистон, талафоти бештареро мутаҳаммил шудааст. 

Киев як сол пас аз оғози таҳоҷуми низомии тамомайёри Русия, аз муқовамат дар ҷабҳаи Шарқ ва ба вижа дар Баҳмут ба унвони намоде аз саркашии густурда ва ба чолиш кашидани кишвари муҳоҷим ёд кардааст. 

Ин дар ҳолест, ки изофа шудани нерӯҳои кумакӣ ба артиши Русия тайи ҳафтаҳои ахир имкони тасарруфи рустоҳо ва шаҳрҳои бештареро дар атрофи Баҳмут фароҳам кард ва ин шаҳр акнун аз се тараф таҳти муҳосира қарор гирифтааст. 

Владимир Зеленский рӯзи сешанбе дар гузориши шабонаи худ аз вазъияти ҷабҳаҳои набард барои мардуми кишвараш, шароит дар Баҳмутро бисёр душвор ва набардҳо барои дифоъ аз ин шаҳрро бисёр муҳим тавсиф кард. 

Вай бад-ин тартиб барои дувумин рӯз пайиҳам аз шиддат гирифтани даргириҳо ва мушкилоти пешо рӯйи мудофеъон дар Баҳмут сухан гуфт. 

Раисҷумҳури Укроин рӯзи душанбе низ таъкид карда буд, ки “вазъият рӯз ба рӯз сахттар мешавад” ва”душман мудом дар ҳоли нобуд кардани ҳар он чизе аст, ки нерӯҳои муқовамат метавонанд аз он барои паноҳ гирифтан дар баробари ҳамалот истифода кунанд ва ба истодагии идома диҳанд.” 

Ба мӯҷиби гузоришҳои мунташиршуда, ҳидояти ағлаби ҳамалоту амалиёти таҳоҷумӣ дар атрофи Баҳмутро гурӯҳи Вагнер, як нерӯи муздури хусусӣ бар уҳда дорад, ки раиси он Евгений Пригожин аз равобити бисёр наздики Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бархурдор аст. 

Пригожин рӯзи чаҳоршанбе бо интишори як паёми савтӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом карда буд, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ нишонае аз ақибнишинии нерӯҳои укроинӣ аз шаҳр дида намешавад. 

Маскав тобистони гузашта пас аз тасарруфи ду шаҳр дар минтақаи Луганск, тамаркузи худро ба тасарруфи Баҳмут равон кард, аммо набардҳо миёни низомиёни рус ва нерӯҳои укроинӣ дар ин ҷабҳа бисёр тӯлонӣ шудааст. 

Александр Роднянский мушовири иқтисодии давлати Укроин рӯзи сешанбе дар мусоҳибае бо шабакаи СНН гуфт, ки Русия бо истифода аз “беҳтарин, омӯзишдидатарин ва бо таҷрибатарин” нерӯҳои гурӯҳи Вагнер дар талош аст то Баҳмутро муҳосира кунад. 

Вай сипас тасреҳ кард: “табиист, ки артиши мо ҳамаи гузинаҳоро баррасӣ хоҳад кард. Онҳо то кунун шаҳрро дар даст доштанд ва муқовамат карданд аммо дар сурати ниёз ба сурати стратегӣ ақибнишинӣ хоҳанд кард, зеро қарор нест ҳамаи мардуми худро фидои ҳеҷ кунем.” 

Бо ин ҳол вай таъкид кард, ки тасмимгирӣ дар мавриди лузуми анҷоми ин ақибнишинӣ бидуни шак ба ӯҳдаи мақомоти низомӣ аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *