Рафиқи ӯзбаке доштам. Як хислати аҷибе дошт: ҳар гоҳ дар ҷамъе менишаст пайт мепоид то фурсати муносибе ба даст ояд ва ҳамин ки хомӯширо дарёфт, дарҳол дузону менишасту мегуфт: энди пиёз! Ва шурӯъ мекард ба қисса кардан.
Замони Шӯрави ин марди ӯзбак пиёзкор будааст ва соле тасмим мегирад худаш мустақиман пиёзҳояшро ба Маскав бараду фурӯшад. Он сол бинобар камчин шудани пиёз қимати он чанд баробар мешавад ва ин марди ӯзбак ба пуле, ки аз фурӯши пиёзҳояш ба даст меорад, ду мошини сабукрави он вақт мӯди Москвич 412 мехарад. Ҳардуро ба Тоҷикистон бурда якеро мефурӯшад ва ба пулаш хонаи нав месозад.
Баъди ин даромади калон чанд соли дигар ҳам пиёзҳояшро ба Маскав мебарад, вале дигар он фоидаро намебинад ва ин ҳодиса муассиртарин ҳодиса дар зиндагиаш боқӣ мемонад. Он қадар таъсире ин ҳодиса доштааст, ки даҳсолаҳо баъд ҳам онро қисса менамуду худаш кай мекард. Ҳаргоҳ ӯро дар ҷамъе медидам, мутмаъин будам, ки ҳатман “энди пиёз”-ашро шурӯъ хоҳад кард.
Ҳаимн тавр, чанд соли охир ҳар вақт замони нишастҳои матбуотӣ фаро мерасад, ё Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҷое маҷбур ба ҳарф задан мешавад, мунтазир ҳастам, ки ин раиси думбаашро ба курсии раёсати равғанитарин кумитаи кишвар кафшеркарда ҳатман дар бораи андоз аз мессенҷерҳо ҳарф хоҳад зад. Ва бо ҳамон ҳасрату эҳсосе, ки он марди ӯзбак мезад.
Воқеъан қазияи мессенҷеру Давлатзода аз қазияи пиёзу марди ӯзбак ҳеҷ фарқе надорад. Давоми раисии тӯлониаш дар Кумитаи андоз ҳамагӣ ду ё се сол шоҳид ба ҳисобҳои кумитаи зери раҳбариаш рехтани маблағи бедардимиёну ҳангуфт шудааст, ки ин кумитаро на танҳо аз мушкили ҷамъоварии андоз озод кардааст, балки ба Давлатзода имкон додааст бештар аз ҳар соли дигар пули буҷаро бидуздад. Ва ин хотироти “нек”-аш ӯро ҳамеша думболагирӣ мекунад ва дар орзуи баргашт ба замонест, ки ширкатҳои мобиливу телекомуникатсионӣ халтаи буҷаро лабрез созанд.
То ин давраро баргардонад, ӯ ҳамроҳи дӯсташ Бег Сабур нақшаи манъи мессенҷерҳо дар кишварро кашид. Вале чун ҳардуи ин вазирони ғайримутахассис намедонистанд, ки барои бастани мессенҷерҳо бояд кулли интернет дар кишварро баст ва ба асри 20 баргашт, ноком шуданд. Ҳоло мехоҳад аз мессенҷерҳо андоз ситонад ва ҳисоб ҳам кардааст, ки чӣ қадар аз онҳо метавонад даромад гирад. Вале боз намедонад, ки мессенҷер дигар як чизи собит нест ва як барномасози пешрафта метавонад дар чанд рӯз мессенҷери навро фаъол кунад. Даҳҳо шабакаҳои иҷтимоӣ мессенҷерҳои худро доранд ва агар зарурат пеш омад, даҳҳои дигар роҳандозӣ хоҳад кард.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро ин раис ошиқи он замон аст ва дар ин бора зиёд ҳарф мезанад?
Ба назари ин ҷониб сабаби аслии он корношоямии Нусратулло Давлатзода ва мувофиқат накарданаш ба курсии ишғолкардааш аст. Вазифаи аслии ӯ бештар кардани даромади андоз ба буҷа дар ин робита падо кардану ҷорӣ роҳандозӣ кардани усулҳоест, ки ҷалби маблағи бештар ба буҷаро фароҳам месозад. Барои ин кор раисони муваффақу мутахассис таҷрибаи дигаронро меомӯзанд, беҳтаринашро интихобу таҷриба мекунанд, ислоҳот роҳ меандозанд, кормандонашонро омӯзиш медиҳанд ва ғайра.
Аммо ягона роҳе, ки Давлатзода медонад ва танҳо ҳамонро балад аст – фишор болои бизнес ва ҷаффидани ҳарчӣ бештари шарбат аз он аст. Аз ин ки бо ин ҷаффиданҳо сол то сол решаи бизнесу тиҷорат дар кишварро хушк карда истодааст ва шарбат ҳам дар баданаи бизнес дар ҳоли тамомшавист ё намефаҳмаду намедонад ва ё медонаду ба ин назар аст, ки “бигзор баъди ман дунёро сел бибарад”.
Дар ҳоле, ки бизнес дар кишварро ба марги қарибулвуқӯъ рӯбарӯ кардааст, Давлатзода барои пешбурди бизнеси худ ҳушёр аст ва он бо суръат рушд мекунад.
ду сол қабли Паём нишон дода буд, ки фарзандону наздикони Давлатзода чандин бизнес доранд, вале тақрибан андоз намесупоранд.
Писари Давлатзода – Иззатулло Давлатов ҳамроҳ бо амакҳояш Ҳикматулло ва Маҳмадӣ Давлатов ба бизнеси сохтмон машғуланд. Онҳо соҳиби ширкати хусусии сохтмонӣ бо номи Элит-Строй-Сервис ҳастанд.
Ин ширкат чанд бинои истиқоматии нухбагӣ (элитӣ) дар Душанбе ва ноҳияи Темурмалик (зодгоҳи Давлатзода) сохтааст. Алъон Элит-Строй-Сервис ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар гардиши фурӯдгоҳ машғул аст. Ин биноҳо бо супориши ҳукумат сохта мешаванд ва бояд то Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ дар сентябри соли 2018 сохтмонашон ба анҷом расанд.
Ҳамчунин ин ширкат ба меъморӣ ва сохтани биноҳои Кумитаи андоз, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ машғул аст, ки маблағи ин сохтмонҳо аз буҷа ҷудо мешаванд.
Писари дигари раиси Кумитаи андоз Беҳрӯз Давлатов қаблан бо бародараш дар Элит-Строй-Сервис кор мекард, аммо баъдан ҷудо шуд ва ҶММ-и худашро бо номи Ганҷи Дарё боз кард, ки ба истеҳсоли чипс (шебен), шағал ва дигар маҳсулоти сохтмонӣ машғул аст.
Фарзандони Давлатзода чӣ қадар андоз месупоранд, дар дастрасии озод вуҷуд надорад. Аммо ба Паём муяссар шуд маълум намояд, ки ширкати мутааллиқ ба бародари раиси Кумитаи андоз Маҳмади Давлатов бо номи Мармари Панҷрӯд, ки ба коркарди маъданҳои кӯҳӣ машғул аст, дар соли 2016 7000 сомонӣ андоз супоридааст. Ин ширкат то соли 2024 иҷозатномаи фаъолият дорад.
Ин танҳо ширкатҳое ҳастанд, ки бо таҳқиқ дар ҳуҷҷатҳои расмӣ пайдо шуданд. Дар асл тифорати оилаи Давлатзодаҳо бамаротиб бузургтар аст ва рӯз то рӯз бизнес-империяи раиси Кумитаи андоз, ки ҳақи машғул шудан ба тиҷоратро надорад, дар ҳоли васеъ шудан аст.
Ҳамчунин ин раиси табоҳкор Кумитаи андозро ба корхонаи шахсӣ табдил дода, хешу табор ва наздикони худашро дар вазифаҳои баланд ва равғании кумита таъин кардааст, ки дар ғорати буҷаи кишвар “саҳми босазое” доранд.
Дар , ки чанде қабл гурӯҳи соҳибкорон ба раисҷумҳур навишта буданд, қисмате аз усулҳои ғорати буҷа аз ҷониби тими Давлатзода ифшо шуда буд. Онҳо гуфта буданд
“на камтар аз чанд буҷаи дигари Тоҷикистон дар Кумитаи андоз обулой мешавад ва ба ҷайби як ҳалқаи хурди атрофиёни раиси ин Кумита Нусратулло Давлатзода мерезад”. Ин ҳалқаи наздикони раиси Кумита ҳамагӣ 6 нафаранд, вале инак 11 сол боз, аз замоне ки Давлатзода ба роҳбарии Кумитаи андоз расид, хуни соҳибкоронро асосан ҳамин 6 нафар мемаканд. Ин ҳалқа иборат аст аз:
- Гулмуродзода Карим (қаблан Партоев)
2. Нурализода Наҷмиддин
3. Асадуллозода Мизроб
4. Шеров Абдусалом
5. Зубайдзода Баҳром
6. Муҳаммадҷонов Бахтиёр.
11 сол боз ҳамин 6 нафарро дар Кумитаи андоз аз ин вазифа ба он вазифа дар мақомҳои роҳбарии раёсатҳои андозсупорандагони бузургу миёнаву хурд ва ҳатто дар мақоми муовини раиси кумита тоб медиҳанд, ё ба қавли худашон, “ротатсия” мекунанд, вале аз иваз шудани ҷои ҷамъшавандаҳои фосид – ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад, балки ҳамчунон ғарқ дар фасод боқӣ мемонад.
Кормандони дигари андоз дар баробари ин шашгона ҳеҷанд. Давлатзода бақияро ҳатто ба назар ҳам намегирад. Он ду муовини раиси Кумитаи андоз – Юсуфӣ Пӯлодҷон Султон ва Сафарзода Лола Ҳаким, ки рӯзи 14 майи соли гузашта бо фармони президент аз кор барканор карда шуданд, дар асл ҳеҷ таъсире дар Кумитаи андоз надоштанд, онҳоро атрофиёни Давлатзода ҳамчун барраи қурбонӣ истифода бурданд, то оташи хашму ғазаби президентро бо қурбон кардани ду муовин каме хомӯш кунанд ва баъди каме ором шудани вазъият боз ба ҳаромкориҳои худ идома диҳанд.
Схемае, ки ин ҳалқаи ҷиноӣ кор мекунад, чунин аст:
Аввал Гулмуродзода ё Нурализода ё ягон нафари дигар аз ин шашгона фармон дар бораи тафтиши фаъолияти ягон корхона ё ширкат содир карда, як ревизорро ба онҷо мефиристад. Ревизор, ки дар пешаш ҳатман ёфтани ягон камомадро вазифа мегузоранд, барои мисол, ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ рӯпӯш кардани андозро ошкор мекунад. Фоиз болои фоиз зада, чӯт мезанад ва дар ниҳоят ширкат ё корхонаро 2 миллион сомонӣ камомад бор мекунанд ва метарсонанд, ки корашро ба прокуратура ё амният месупоранд.
Баъди ду-се рӯз ҳамон ревизоре, ки 2 миллион сомонӣ камомадро ёфт, худаш сармуҳосиби ширкатро ба пеши худ даъват карда, пешниҳод мекунад, ки вай камомадро 300 ҳазор сомонӣ менависад, вале 1 миллиону 700 сомонии фарқаш – тақсим, нақд оварда диҳед.
Ба болои ин боз тафтишҳои камералиро ҷорӣ кардаанд: Яъне як ревизиор омада, тафтиш мекунад ва “доля”-ашро ба гардани ширкат бор мекунад ва ба дунболи вай, ревизори дуюм омада, ревизияи якумро тафтиш мекунад, ки то куҷо дуруст анҷом дода шуд? Ҳатман пай бурдед, ки ин ревизори дуюм низ як мақсад дорад: кандани боз як “доля”-и дигар!
Ин зӯргӯиҳову пулканиҳои беҳисоб боис шуд, ки садҳо соҳибкор тарки Тоҷикистон кунанд, шумораи ширкатҳои хориҷӣ дар кишвар, тавре президент низ ёдовар шуд, ду маротиба коҳиш ёфт. Кумитаи андоз ҳоло барои онки коҳиши шумораи ширкатҳоро пинҳон кунад, хоҷагиҳои деҳқониро ҳамчун ширкат муаррифӣ мекунад ва бо ин ба чашмҳо хок пошида, мехоҳад нишон бидиҳад, ки ҳама чӣ олист!
Паём таҳқиқоти нав дар бораи фасодкорӣ ва бизнесҳои Давлатзодаро шурӯъ кардааст ва аз онҳое, ки дар ин бора иттилоъ доранд хоҳиш мекунад бв мо кӯмак кунанд. Тамоми маълумот ва шахсияти ирсолшуда махфӣ нигоҳ дошта мешавад.