Рубрики Хабарҳо

Баъзе маҳдудиятҳо дар Маскав лағв мешаванд

Раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин мегӯяд, вазъи коронавирус дар Маскав рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва аз ин рӯ як қатор маҳдудиятҳои ҷорибуда бекор мешаванд

Сар аз 22 январ дар шаҳри Маскав аксар маҳдудиятҳое, ки дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, бекор мешаванд. 

Дар ин бора худи раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин хабар дода гуфтааст. сар аз фардо кори муассисаҳои таълимӣ, маконҳои фароғатӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ аз сар гирифта мешавад.

Ҳамин тариқ, аз 22 январ кори осорхонаву китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ҷоннок мешавад ва ба баргузории чорабиниҳои фароғатӣ низ иҷозат дода мешавад.

Аммо шаҳрдор таъкид намудааст, ки шумораи тамошобинон набояд аз 50 дарсад зиёдтар бошад.

Зимнан, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои варзишӣ ва муассисаҳои истироҳати кӯдакон низ ба кори муқаррарӣ бармегарданд, вале донишҷӯёни донишгоҳҳои Маскав ҳамоно то 6 феврал ба таҳсили фосилавии худ идома медиҳанд.

Собянин изҳори умедворӣ намудааст, ки дар ояндаи наздик вазъият боз ҳам беҳтар мешавад ва маҳдудиятҳо марҳила ба марҳила бекор мегарданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *