Рубрики Хабарҳо

Дидори Зеленский аз Олмон баъд аз ваъдаи бастаи бузурги силоҳҳо

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар Берлин бо Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон ва Франк Валтер Штайнмайер, раисҷумҳури ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард. Ин аввалин сафари Зеленский ба Олмон аз замони таҳоҷуми Русия ба Укроин аст. 

Ин сафар як рӯз пас аз он анҷом шуд, ки Олмон эълом кард ба арзиши ҳудуди се миллиард доллар ба Киев силоҳ медиҳад. 

Охири дирӯз (якшанбе), ҷоизаи ифтихории Карди кабир, ки ҷоизаи мӯътабаре аст ба  Владимир Зеленский эъто шуд. Ин ҷоиза ба касоне дода мешавад, ки бештарин талошро барои тарвиҷи ваҳдати Аврупо анҷом медиҳанд. 

Аз ҷумла барандагони қаблии ин ҷоизаи Уинстон Черчилл, поп Франсис ва Билл Клинтон ҳастанд. 

Олмон рӯзи шанбе аз бузургтарин бастаи кумаки низомии худ ба Укроин рӯнамоӣ кард. 

Берлин эълом кард, ки таслиҳоте ба арзиши ду миллиарду ҳафтсад миллион евро аз ҷумла танкҳои Леопард ва системҳои зидди ҳавоӣ ба Киев хоҳад дод. 

Ба далоили амниятӣ, давлати Олмон ҷузъиёти каме дар мавриди дидорҳои дирӯзи Владимир Зеленский мунташир кардааст аммо ӯ  бо раисҷумҳури Олмон ва садри аъзами ин кишвар мулоқот кардааст. 

Расонаҳои олмонӣ ҳамчунин гузориш доданд, ки баъд аз зӯҳри якшанбе, Владимир Зеленский барои ширкат дар маросими эҳдои ҷоизаи Карли бузург ба шаҳри Аахен дар ғарби ин кишвар меравад. 

Ҳавопаймои раҳбари Укроин бо ҳимояи ду ҷангандаи нерӯи ҳавоии Олмон вориди ин кишвар шуд. 

Дидори Зеленский аз Италия 

Владимир Зеленский, раисҷмҳури Укроин пеш аз сафар ба Олмон рӯзи шанбе аз Италия дидор кард. 

Ӯ дар Италия бо Серҷо Маттарелла, раисҷумҳури ин кишвар ва Гиоргио Мелони, нахуствазири Италия дидор кард ва бо поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон ҳам дидори хусусӣ дошт. 

Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон борҳо гуфта, ки Ватикан ҳозир аст ба унвони миёнҷи дар ҷанги байни Русия ва Укроин иқдом кунад. 

Ӯ пештар дар моҳи ҷорӣ гуфт, ки Ватикан бар барномаи сулҳ кор мекунад то ба ҷанг поён диҳад ва афзуд, ки маъмурият “ҳанӯз аланӣ нашуд. Вақте аланӣ шуд, дар бораи он ҳарф хоҳам зад.” 

Аммо равобит байни Укроиа ва Ватикан гоҳе хуб набуда. 

Августи соли гузашта, поп ба Дариё Допино, духтари носионолисти ифротии рус, ки дар як бомбагузории худрав кушта шуд, ишора ва аз ӯ ба унвони қурбонии “бегуноҳ”-и ҷанг ёд кард. Пас аз он, сафири Укроин дар Ватикан дар як иқдоми ғайримаъмул аз поп интиқод кард. 

Мулоқоти поп ва раисҷумҳури Укроин , аввалин дидори онҳо пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин аст. Онҳо дар соли 2020 дидор кардаанд. 

Шоми дирӯз Зеленский роҳии Фаронса шуд.

Ҳимояти бисёре аз рустаборҳо аз Путин дар Олмон 

Ҷомеъи русӣ дар саросари Аврупо бар сари масъалаи ҷанги Укроин ихтилофи назар доранд ва ин ду дастагӣ дар Берлин дар моҳи май яъне замоне, ки онҳо шикасти Олмони нозиро дар ҷанги ҷаҳонии дувум рақам заданд, бештар намоён аст. 

Хабарнигори Би би си дар Берлин мегӯяд бисёре аз русҳои муқими Олмон ба вузӯҳ далоили Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои ҷанги Укроинро бовар доранд, ба тавре, ки бархе аз дидгоҳҳояшон амалан мутобиқи ривоятҳое аст, ки телевизиони давлатии Русия дар мавриди ҷанги Укроин таблиғ мекунад аммо бархе дигар ба ҳамон андоза бо он мухолиф ҳастанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *