Сарони кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон ва Русия рӯзи 25 май дар Маскав дидор хоҳанд кард.
Илҳом Алиев раисҷумҳури Озарбойҷон ва Никол Пашинян нахуствазири Арманистон 25 май дар Маскав бо миёнҷигарии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидор хоҳанд кард.
Пашинян дар бораи нишасти Арманистон ва Озарбойҷон, ки бо миёнҷигарии Шарл Мишел раиси Шӯрои Аврупо 14 май дар Брюссел баргузор шуда буд, изҳор дошт: “Ереван ва Боку бар тамомияти арзӣ ва ҳокимияти мутақобили кишварҳои худ дар чорчуби маншури Созмони милали муттаҳид ва эъломияи Алма-Ато 1991 таъйид кардем ва ин мабно барои кори кумитае, ки вазифаи таъйини марзҳоро дорад, фароҳам мекунад”.
Вай афзуд: Мишел пас аз нишасти 14 май бо баёни ин ки Озарбойҷон тамомияти арзии 29800 километри мураббаъи Арманистонро ба расмият шинохта ва Арманистон низ тамомияти арзии 86600 километри мураббаъи Озарбойҷонро ба расмият мешиносад, таъкид кард, ки ин амр барои ниҳоӣ кардани матни тавофуқномаи сулҳ ва таъйини марзҳои ду кишвар муҳим аст.
Пашинян идома дод: дар нишасти Брюссел дарки мутақобили мусбате барои эҳёи роҳи оҳан байни Озарбойҷону Арманистон вуҷуд дорад ва барои бозкушоии масирҳои мувосилотӣ бар асоси усули ҳокимият, салоҳият, баробарӣ ва мутақобил ҳамон тавр, ки дар модаи 9 эъломияи се ҷонибаи ҷумҳурии Арманистон дар 9 ноябри 2022 тасреҳ шудааст, омода ҳастем.
Нахуствазири Арманистон бо баёни ин ки бар асоси изҳороти Мишел, дар хусуси озодии зиндониён ва боздоштшудагон ва кашфи сарнавишти нопадидшудагон ба дарки муштарак расидааст, изҳор дошт: ин мавзӯъ дар ҷаласоти баъдӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Пашинян дар поён аз дидори вузарои хориҷаи Арманистон ва Озарбойҷон фардо дар Маскав хабар дод.