Вокуниши Толибон ба таҳдиди Раисӣ: бо алфози муносиб хости худро матраҳ кунед
Толибон дар вокуниш ба изҳороти Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар мавриди ҳаққи оби рӯди Ҳилманд, гуфтааст, ки ин суханон набояд такрор шавад.
Дар баёниая, ки ба нақл аз дафтари сухангӯи Аморати Исломии Афғонистон мунташир шуда, омадааст: “хости мукаррари Эрон барои об ва изҳороти номуносиб дар расонаҳоро зиёновар медонем.”
Сухангӯи Толибон бо ишора ба тавофуқномаи об миёни Эрон ва Афғонистон дар соли 1971 гуфтааст, ки худро мутааҳҳид ба ин мавзӯъ медонанд.
Бо ин ҳол дар ин баёния омадааст бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар солҳои ахир дар Афғонистон ва минтақа хушксолӣ рух дода ва сатҳи об поин омадааст теъдоди зиёде аз вилояту манотиқи Афғонистон аз хушксолӣ ранҷ мебаранд ва оби кофӣ вуҷуд надорад.
Ин баёния мегӯяд, ки мақомоти эронӣ бояд иттилооти худро дар бораи оби Ҳилманд такмил кунанд ва баъд бо алфози муносиб хости худро матраҳ кунанд.
Сухангӯи Толибон афзуд: “агар воқеият дуруст мутолиа нашавад ва чунин изҳороте матраҳ шавад метавонад ба фазои сиёсии мардум ва кишварҳои ду миллати мусулмон осеб бизанад, ки ба нафъи ҳеҷ тарафе нест ва бояд такрор нагардад.”
Дар интиҳои ин баёния омадааст, ки “Аморати Исломӣ бо дар назар доштани тавофуқномаи оби Ҳилманд тамоми талоши худро мекунад, ки оби тааҳҳудшуда ба мардуми Эрон бирасад аммо ба ин шарт, ки захоири оби мо ба андозае бошад, ки онро ба Эрон ҷорӣ кунем.”
Вай таъкид кард, ки ин об бояд садҳо километр масирро тай кунад то ба Эрон бирасад дар ҳоле, ки акнун дар банди Камолхон ҳеҷ обе вуҷуд надорад ва агар оби банди Каҷкӣ дар он ҷорӣ шавад то Эрон намерасад.
Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон субҳи дирӯз дар сафар ба устони Систону Балучистон гуфт: “ба ҳокимони Афғонистон ҳушдор медиҳам, ки ҳаққи мардуми Систонро ҳар чӣ сареътар бидиҳанд.”
Вай таъкид кард, ки “бархе мегӯянд, ки сад оби ончуноне надорад ё бахше аз он лаҷанӣ аст. Бояд сареъ иҷоза бидиҳанд, ки коршиносони мо бираванд ва бубинанд. Агар коршиносони мо таъйид карданд, бисёр хуб, дар набудани об, ки мо баҳсе надорем. Аммо агар об вуҷуд дорад, ҳаққи мардум бояд дода шавад ва иҷоза намедиҳем, ки зойеъ шавад.”
Вай бо ин ҳол гуфт: “ин арзи бандаро ҷиддӣ бигиранд то баъдан гилла накунанд, ки ба мо гуфта нашуд, ки масалан бо дипломасӣ ва гузашти айём ин масъала ҳал мешавад.”
Вокуниши Амир Абдуллоҳиён: милок боздиди фаннӣ аст на судури баёнияи сиёсӣ
Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба баёнияи Толибон дар твите навишт: “дар моҳҳои ахир мукарраран аз мулло Муттақӣ сарпарасти вазорати хориҷаи Афғонистон хостам тибқи аҳдномаи Ҳилманд, ба тааҳҳудоти худашон амал кунанд ва имкони боздиди ҳайатҳои фаннӣ ва санҷиши мизони обро фароҳам кунанд, ки накарданд.”
Вай афзуд: “Систон аз хушксолӣ ранҷ мебарад. Милок буду набуди об, боздиди фаннӣ ва айнӣ аст ва на судури баёнияи сиёсӣ.”
Собиқаи ҳаққи оби Ҳилманд
Пештар ва дар замони давлати Ашраф Ғанӣ, мавзӯъи интиқоли оби Афғонистон ба Эрон борҳо мавриди баҳсу ҷадал байни ду кишвар буд. Ба тавре ки раисҷумҳури вақти Афғонистон ду сол пеш дар маросими ифтитоҳи сади Камолхон дар вилояти Нимруз ва дар наздикии марзи Эрон, гуфта буд, ки кишвараш дигар обро ройгон намедиҳад, балки бо ифтихор онро дар муқобили дарёфти нафт ба Эрон мефурӯшад.
Муоҳидаи Эрон ва Афғонистон дар мавриди оби рӯди Ҳилманд дар соли 1971миёни Амир Аббос Ҳувайдо ва Муҳаммад Шафиқ нахуствазирони вақти ду кишвар имзо шудааст. Эрон, Афғонистонро муттаҳам мекунад, ки бар хилофи муоҳидаи мавҷуд, ин кишварро аз ҳаққи оби муқаррар дар оби рӯди Ҳилманд маҳрум кардааст. Пеш аз ин низ Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури пешини Эрон аз сохти саддҳое аз ҷумла Каҷкӣ ва Камолхон бар рӯйи рӯдхонаҳои ҷорӣ ба самти Эрон, интиқод карда буд.
Эрон дар он замон ибрози нигаронӣ карда буд, ки эҳдоси сади Камолхон, раванди сарозер шудани оби Ҳилманд, яке аз таъминкунандаҳои аслии оби дарёчаи Ҳомунро халалдор кунад ва севумин дарёчаи бузурги Эрон баъд аз Хазар ва Арумия бо мурур хушк шавад, ки дар натиҷа мушкили ҷиддӣ барои таъмини оби шаҳрҳои бузурги устони Систону Балучистон эҷод хоҳад кард.