Рубрики Хабарҳо

«Корҳои фаҳмондадиҳӣ»ба Хуҷанд баргаштанд

Дар Хуҷанд корҳои безараргардонии кӯчаҳоро дубора оғоз карданд.

Ҳамчунин дар мавзеъҳои гуногуни шаҳр гурӯҳҳои корӣ байни аҳолӣ варақаҳо тақсим мекунанд, ки дар он номгӯйи тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ва риояи талаботи беҳдоштиву гигиенӣ зикр шудааст.

Гурӯҳҳо бар асоси дастури раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода таъсис дода шуданд.

Дар маҳаллаву микрорайонҳо ва маконҳои серодам, аз ҷумла бозори марказии “Панҷшанбе”, марказҳои савдо ва истгоҳҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Аз одамон даъват мешавад, ки ба тарсу ҳарос наафтода, қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоянд.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки вазъияти эпидемиологӣ дар Хуҷанд зери назорати қатъии Ситоди шаҳрии пешгирии паҳншавии COVID-19 қарор дорад.

Ғайр аз ин, Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологии шаҳр корҳои безараргардонии як қатор кӯчаву хиёбон ва микрорайону маҳаллаҳоро дубора оғоз намуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *