Даҳҳо кишвари фақир бо мушкилоти иқтисодии шадид ва ҳатто муфлисӣ рӯбарӯ шудаанд. Сабаби асосии он қарзҳои хориҷии ҳангуфт ва фоизи баланди онҳо мебошад, ки аксари ин қарзҳо ба Чин рост меоянд. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин, Оила боз бештар карзҳои “имтиёзнок”-и чинӣ дастрас мекунад.
Тавре расонаи амрикоии The Washington Post хабар медиҳад, даҳҳо кишварҳои бенавову заиф, ки зери бори гарони қарзҳои хориҷӣ мондаанд, дучори бӯҳрони шадид ва ҳатто суқути иқтисодӣ гардидаанд. Аз ҷумла, кишварҳои фақире мисли Кения, Замбия, Лаос, Шри-ланка, Муғулистон ва ҳатто кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ нисбатан пуриқтидори Покистон ба мушкилоти саххтарин дучор шудаанд.
Омори солҳои охир нишон медиҳанд, ки Чин ба кишварҳое, ки ба мушкилоти иқтисодӣ, офатҳои табиӣ ва ғайра дучор шудаанд, ба ҳисоби умумӣ 240 миллиард доллар қарз додааст. Танҳо соли 2021 Чин зиёда аз 40 миллард доллар қарз пешниҳод кардааст. Тавре мутахассисони донишгоҳи William & Mary дар Амрико таҳлил кардаанд, соли 2014 қарзҳои пешниҳодкардаи Чин ҳамагӣ 10 миллиард доллар ва соли 2010 баробар ба сифр будааст.
Тавре дар таҳлили Associated Press омадааст, даҳҳо кишвари фақиру даромадашон миёна аксари даромади буҷаи кишвари худро, ки аз ҳисоби андозу боҷҳо ташаккул меёбад ва барои фаъолияти мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ, таъмини нерӯи барқ, таъмини ғизову сӯзишворӣ ва ғайраҳо ниҳоят зарур аст, барои пардохти қарзҳои Чин сарф менамоянд. Илова бар он, захираҳои асъори хориҷии ин кишварҳо низ барои пардохти фоизи ин қарзҳо сарф мешавад.
Ба гуфтаи коршиносон, байни кишварҳо ва созмонҳои қарздиҳандаи ҷаҳон Чин яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки дар сиёсати қарзии худ шадиду бераҳм аст.
Аз ҷумла, коршиносони Associated Press таъкид кардаанд, ки Чин аз бахшидани қарзҳо худдорӣ мекунад ва дар бораи он, ки чӣ қадар маблағ ва бо кадом шартҳо қарз додааст, маълумоте пешниҳод намекунад ва аслан чунин маълумотро шадидан махфӣ нигоҳ медорад. Бар замми ин, ахиран кашф шудааст, ки Чин кишварҳои қарзгирандаро маҷбур мекунад, то пардохтҳои қарзии худро дар шакли пули нақд ба суратҳисобҳои махфӣ гузаронанд ва қарзҳои Чинро дар мадди аввал қарор диҳанд, омадааст дар ин таҳлил.
Кишварҳое, ки мавриди таҳлили Associated Press қарор гирифтааст, то 50 дарсади қарзҳои хориҷиашон аз Чин будааст ва сеяки даромади умумии ҳукуматҳо барои пардохти қарзи хориҷӣ сарф мешавад. Аз ҷумла, ду кишвар — Замбия ва Шри-Ланка аллакай ба дефолт (надоштани имконияти анҷом додани ӯҳдадориҳо) дучор шудаанд, яъне амалан муфлис шудаанд ва ҳатто фоизи қарзҳои барои сохтмони бандарҳо, конҳо ва нерӯгоҳҳо гирифтаашонро пардохт карда наметавонанд.
Тавре дар ин таҳлил омадааст, дар Покистон миллионҳо нафар коргарони соҳаи нассоҷӣ бекор монданд ва ин соҳа наздик ба фурӯпошӣ омада расидааст, зеро қарзи аз ҳад зиёди хориҷии кишвар гаронӣ кардааст ва кишвар дигар имконияти фаъол нигоҳ доштани нерӯи барқ ва техникаи истеҳсолиро надорад.
Ҳукумати Кения бошад, маоши ҳазорон кормандони давлатиро ба таъхир андохтааст, зеро маблағҳои даромади буҷети давлат ба пардохти қарзҳои хориҷӣ, ки қисми бузурги он аз Чин будааст, равона мешавад. Мушовири раисҷумҳури ин кишвар оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ҳатто гуфтааст, ки кишвар дар арсаи интихоб байни пардохти маоши кормандони давлатӣ ё эълон кардани дефолт, яъне муфлисшавии давлат қарор гирифтааст.
Шри-Ланка бошад, як сол пеш эълони дефолт карда буд ва пас аз он ним миллион ҷои корӣ дар соҳаи саноат аз байн рафт, таваррум 50 дарсадро ташкил кард ва зиёда аз 50 дарсади аҳолӣ ба фақри шадид рӯбарӯ шуданд. Чин яке аз бузургтарин қарздиҳандагони ин кишвар ба шумор меравад. Бо вуҷуди он, ки дигар қарздиҳандагон, аз ҷумла Сандуқи байналмиллалии пул кӯшиш кардаанд, ки Чин ба Шри-ланка баъзе имтиёзҳо диҳад ва имкон диҳад, ки кишвар қарзи худро дертар пардохт кунад, Чин шадидан пофишорӣ кардааст ва розӣ нашудааст, гуфта мешавад дар ин таҳлил.
Ҳукумати Замбия низ аз сабаби қарзҳои хориҷии ҳангуфт ва фоизи баланди он дучори мушкилоти бузурге шудааст ва маҷбур шудааст хароҷоти соҳаҳои муҳим, аз ҷумла иҷтимоӣ, тандурустӣ ва таълимро кам кунад. Вақте ҳукумати Замбия хоҳиш кардааст, ки Чин қисме аз қарзҳоро бахшад ё сабук кунад, Чин шадидан рад кардааст. Гуфта мешавад, Чин аз рӯи қоидаҳои байналмиллалӣ бозӣ накардааст ба музокироти чандтарафаи қарздиҳандагон ҳамроҳ нашудааст, баръакс, бо ҳукумати Замбия гуфтушуниди алоҳида ва махфиёна анҷом додааст ва ҳатто аз ҳукумат талаб кардааст, ки шартҳои гуфтушунидро махфӣ нигоҳ дорад. Ин ҳама боис шудааст, ки кишвар ба дефолту муфлисшавӣ дучор гардад. Дар натиҷа, таваррум дар кишвар ба 50 дарсад дакка хӯрдааст, сатҳи бекорӣ ба таври бесобиқа боло рафтааст, пули миллии кишвар дар чанд моҳ 30 дарсади қурби худро аз даст додааст. Тибқи маълумоти Созмони милали муттаҳид, наздик ба 3,5 миллион нафар аҳолӣ ба танқисии шадиди ғизо дучор шудааст.
Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки агар Чин мавқеъи худро дар робита ба қарзҳои худ ба кишварҳои фақир сабук накунад, дар ояндаи наздик метавонад мавҷи бештари дефолту муфлисшавии кишварҳо ва ҳатто таҳаввулоти сиёсӣ дар ин кишварҳо ба вуҷуд ояд.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон рӯз аз рӯз вобастагии худро аз Чин бештар мекунад ва солона садҳо миллион доллар қарзҳои нав ба даст меорад.
Тибқи маълумоти расмӣ, аввали соли 2023 қарзи хориҷии Тоҷикистон 3,2 миллиард долларро ташкил дода буд. Гуфта мешавад, аз ин ҳудуди 2 миллиард доллар ба Чин рост меояд. Ба қавли мақомот, қарзи хориҷии Тоҷикистон 28,5 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил додааст. Соли 2022 барои адои қарзи хориҷӣ 254,6 миллион доллар ҷудо шуда, 72 миллион доллари ин маблағ ба фоизҳо равона шудааст, гуфта буд Вазорати молияи Тоҷикистон.
Пайдо кардани маълумоти дақиқе дар мавриди он, ки ҳукумати Тоҷикистон чӣ қадар аз Чин қарз гирифтааст, ин қарзҳоро ба кадом мақсадҳо сарф кардааст, аз он чӣ миқдор фоиз месупорад, кай онро бояд баргардонад ва бо кадом роҳу восита бармегардонад, имкон надорад ва ин қазияро на ҳукумати Тоҷикистон ва на ҳукумати Чин ҳеҷ шарҳе намедиҳанд.
19 майи соли 2023 расонаҳо хабар доданд, ки “пешвои миллат” барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар Саммити сарони давлатҳои «Чин + Осиёи Марказӣ» ба Чин сафар кард. Саммите, ки нигаронии кишварҳои дигар, аз ҷумла Ғарбро ба бор овард, зеро аз боло рафтани нуфузи Чин дар минтақа хабар медиҳад.
Дар ин нишаст тарафҳо чанд санаду созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расониданд, бештари санадҳо дар масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ буд. Ҳамчунин, “пешво” бо роҳбарони чанд ширкатҳои бузурги саноати кӯҳии чинӣ, аз ҷумла ширкатҳои иктишоф ва коркарди саноатии маъданҳои дорои тилло, мис ва дигар металлҳо вохӯрӣ дошт, яъне, ба назар мерасад, боз чанд конҳои тиллову мис ва дигар металҳои кишварро ба ин ширкатҳо пешниҳод кардааст ва ҳатто шояд аллакай санадҳои низ ҳамкорӣ ба имзо расида бошад. Вале хадамоти матбуотии раисҷумҳур дар ин бора чизе нагуфтааст.
Гуфта мешавад, дар рафти ин сафар мавзӯи дӯстдоштаи “пешво”, яъне қарзу грантҳои Чин низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад, ки “ҷониби Чин барои татбиқи минбаъдаи барномаю лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиш 26 миллиард юан”, яъне ҳудуди 3,75 миллиард доллар ҷудо хоҳад намуд. Яке аз расонаҳои чинӣ хабар дод, ки ин маблағҳо дар шакли грантҳои бебозгашт пешниҳод мешаванд. Ин маблағ байни кадом давлатҳои Осиёи Марказӣ тақсим мешавад ва ҳиссаи Тоҷикистон аз он кадом аст, маълум нест.
Ҳамчунин “пешво” дар нишасти алоҳидае бо Ҷин Лисун, президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохтори Чин оид ба “ҷалби ҳарчи бештари сармоя” сӯҳбат карда, “ба ҷудо намудани маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун” таъкид кардааст. Инчунин, “ҷонибҳо масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзию канданиҳои фоиданокро” баррасӣ кардаанд. Яъне, “пешво” боз чун одати қадимааш аз президенти ин бонк “гадоӣ” кардааст. Зери мафҳуми “гадоӣ” дар Оила ҳам грантҳо ва ҳам қарзҳоро мефаҳманд, зеро қарзҳоро Оила қисман ва ё ба пуррагӣ тасарруф мекунад ва ба кисаи бетаги худ мезанад, вале пардохти он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, яъне кисаи мардум ва андозсупорандагон анҷом дода мешавад.
Ба назар мерасад, ҳукумати Раҳмон аз таҷрибаи кишварҳои фақири дигар барои худ дарсе нагирифтааст. Агар Чин бо қарзҳои “имтиёзнок”-и худ тавониста бошад, ки кишвари пуриқтидоре чун Покистонро ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор намояд, пас ҳолати Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд?
Ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам ҳукумати Чин шартҳои қарзҳои пешкашшударо махфӣ нигоҳ медоранд ва касе намедонад, ки мардуми тоҷик ин қарзҳоро кай ва бо кадом роҳ бояд баргардонад. Ҳамунин, маълум нест, ки дар ҳолати напардохтани ин қарзҳо кишварро чӣ интизор аст. Қаблан Чин зиёда аз 1300 километри квадратӣ замини Тоҷикистонро гирифта буд ва коршиносон гуфта буданд, ки он бар ивази бахшидани қисме аз қарзҳои хориҷӣ дода шудааст. Агар дар оянда Тоҷикистон низ ба дефолт дучор шавад ва Чин бар ивази қарзҳояш замин талаб кунад, Раҳмон ва Оила ин дафъа кадом минтақаро ба Чин “ҳадя” хоҳанд кард?