Бар асоси санҷиши як созмони байналмилалӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи низомиёни Давлати Исломӣ, аз ҳама бештар даст ба ҳамалоти интиҳорӣ задаанд.
Тибқи гузориши Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм мустақар дар Голандия, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи низомиёни Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Сурия аз ҳама бештар будааст.
Дар ин гузориши созмони мазкур бо номи «Ҷанг бо амалиёти интиҳорӣ», ки ахиран дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст, омори амалиётҳои интиҳорӣ дар байни ҷангиёни ДИ дар фосилаи байни моҳи декабри соли 2015 то 30 ноябри соли 2016 таҳлил шудааст.
Бар асоси ин гузориши Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм 20 дарсади ДИ аз хориҷ вориди Сурия ва Ироқ шуда ва 74 дарсади афроди интиҳорӣ зодагони сурияву ироқ ҳастанд.
Дар ин гузориш шумораи бамбгузорони интиҳории тоҷик 27 нафар, Арабистони Саудӣ ва Мағриб 17 нафар, Тунис 14 нафар, Русия 13 нафар, Миср 11 нафар ва Фаластин 9 нафар эълом шудаанд.
Ин гузориш омадааст, ки Давлати исломӣ дар амалиётҳои интиҳории худ бештар аз мошинҳои бамбгузоришуда истифода мебарад, ки кор гирифтан аз ин шева 70 дарсад будааст.
Иддаъои ин созмони байналмилалӣ дар мавриди шумораи бештарини шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои гурӯҳҳои интиҳории ДИ дар Ироқу Сурия дар ҳолест, ки ахиран мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз коҳиши кобили мулоҳизаи ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ гузориш додаанд.
Аз ҷумла ахиран Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон зимни гузориш дар ҷаласаи Маҷлиси Миллии парлумони ин кишвар гуфт, ки шумораи ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафи гуруҳҳои тераристиву ифротӣ то 5 баробар кам шудааст.
Ҳамчунин Рамазон Раҳимзода ВУДТ дар нишасти матбуотии ахири ин ниҳод таъкид, кард, ки бо сайу талошҳои пайвастаи мақомот сол аз сол шомилшавии ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрав коҳиш меёбад.