Рубрики Хабарҳо

Дар Душанбе намоиши колоҳои эронӣ баргузор мешавад

Намоишгоҳи ихтисосии колоҳои эронӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Тибқи гуфтушунидҳо ба зудӣ намоишгоҳи ихтисосии колоҳои эронӣ бо меҳварияти Хуросони Разавӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон барпо мешавад.

Тавре хабаргузории Форс менависад,  Муҳаммадтақии Собирӣ рӯзи чоршанбе дар нишасти Комиссияи тиҷорати Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Машҳад гуфтааст: Эрон танҳо кишваре буда, ки баъд аз пайгириҳои зиёде мувофиқати кишвари Тоҷикистонро барои баргузории намоишгоҳ ҷалб кардааст ва интизор меравад ин намоишгоҳ дар моҳи декабри имсол баргузор шавад.

Муҳаммадтақии Собирӣ гуфта, ки чанд ҷвижагиҳое ҳаст, ки  ҳамкории Эрон бо Тоҷикистонро зарурӣ мекунад. Собирӣ афзудааст,  аз ҷумлаи ин вижагиҳо ҳамфарҳанг, ҳамдин, ҳамзабон ва ҳамнажод будани Тоҷикистон бо Эрон аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *