Рубрики Хабарҳо

CASA-1000 метавонад солона ба Тоҷикистон $150 млн даромад оварад

Пиёдасозии муваффақи тарҳи минтақавии CASA-1000 метавонад ба Тоҷикистон солона 150 миллион доллар даромад оварад.

Тибқи ҳисоби мақомоти муртабити бахши иқтисодӣ, бар замми ин кишвар аз транзити барқи Қирғизистон тавассути қаламрави худ тибқи ин пружа низ даромади иловагӣ хоҳад гирифт.

Қаблан иттило дода шуда бад, ки тибқи созишномаҳои вобаста ба пружаи CASA-1000 нархи содиротии барқ 9,35 сент барои як киловатт хоҳад буд.  

Дар чорчӯбаи CASA-1000 Тоҷикистон 70%-и барқи тавассути ин хат содиркунандаашро ба Покистон ва 30%-ашро ба Қирғизистон мефурӯшад. Ин пружа транзити 5 млрд кВт/с барқро аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Покистонро фаро хоҳад гирифт. З млрд  кВт/с-и он аз Тоҷикистон содир мешавад.

Бо назардошти имкониятҳои имрӯза, Тоҷикистон қудрати афзоиш додани содирот дар сурати пайдо шудани заруратро дорад, қайд карданд дар бахши энергетикии Тоҷикистон.

“Ин пружа, ки системаи барқии кишварро бо кишварҳои дигар мепайвандад, барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, чун имкон медиҳад барқи зиёдатиро дар тобистон, ки ҳарсола 5 млрд кВт/с-ро ташкил медиҳад, содирот намояд” — мегӯяд манбаъ.

Барои пиёдасозии пружа лозим аст хати 500 киловатии барқ аз истгоҳи барқии “Датка” то хуҷанд, истгоҳи барқии 1 300 мВт-ӣ дар Сангтӯда, хати баландшиддати интиқоли барқ аз Сангтуда то Кобул ва Пешовар сохта шавад.

Қимати умумии пружа беш аз  $1 млрд аст. Хароҷоти он ба тарзи зерин тақсим шудаанд: Тоҷикистон $314 млн., Қирғизистон – $209 млн., Афғонистон – $354 млн. ва Покистон – $209 млн.

Сармоягузорони Тоҷикистон дар ин пружа Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди исломӣ ва Бонки рушд ва тавсеъаи Авруосиё ҳастанд, ки мутаносибан 45, 70 ва 110 миллион долларӣ сармоягузорӣ хоҳанд кард.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *