Рубрики Хабарҳо

Дар кишварҳои аврупоӣ тоҷикон таҷаммӯъи эътирозӣ мекунанд

Раҳмон! Даст аз куштани зиндониён, махсусан зиндониёни сиёсӣ бардор!”. Бо ин шиор гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистонии муқими Аврупо мехоҳанд дар саросари кишварҳои Аврупоӣ даст ба тазоҳурот зананд.

Мухолифони сиёсии тоҷик, ки дар кишварҳои Аврупоӣ паноҳанда шудаанд, иқдом кардаанд, бо изҳори норизоиятӣ ва нигаронӣ аз ҳодисаи қатлу куштор дар зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон даст ба эътирози саросарӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо зананд.

Дар ин бора Вайсиддин Одинаев, фаъоли иҷтимоӣ ва сиёсии тоҷик, дар саҳифаи фейсбукии худ  эълом карда гуфт, ки иқдомоти эътирозии тоҷикон дар шаҳрҳои урупоӣ аз таърихи 4 июни соли ҷорӣ оғоз хоҳад шуд.

Вайсиддин Одинаев дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, “Мо, гурӯҳе аз шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Аврупо, дар эътироз ба сиёсатҳои саркӯбгаронаи режими Эмомалӣ Раҳмон дар куштори ваҳшиёнаи зиндониёни Ваҳдат маъруф ба “Кирпичный”, шурӯъ аз 4 июни соли ҷорӣ, дар шаҳрҳои гуногуни Иттиҳодияи Аврупо даст ба иқдомоти эътирозӣ хоҳем зад, то мазлумияти миллати тоҷикро ҳам ба гӯши ҷаҳониён бирасонем ва ҳам садои худро баланд кунем, ки: Раҳмон! Даст аз куштани зиндониён махсусан зиндониёни сиёсӣ бардор!”.

Тибқи маълумоте, ки дастраси Паём шуд, аллакай тоҷикони муқими Литва омодагӣ дида истоданд, то дар пойтахти ин кишвари Урупоӣ, шаҳри Вилнюс таҷаммӯъ кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *