Рубрики Хабарҳо

Нурбек Токтакунов: Дахлнопазирии президентҳои собиқ бояд лағв шавад

Нурбек Токтакунов, ҳуқуқшиноси қирғиз ба Палатаи конститутсионии Қирғизистон бо ирсоли як нома пешниҳод кардааст, ки президентҳои пешини ин кишварро аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум кунад.

“Қонун «Дар бораи кафолати фаъолияти президенти Қирғизистон», ки ба президентҳои пешин ҳаққи дахлнопазирӣ медиҳад, зиддиконститутсионист. Банди мазкур президенти пешини Қирғизистонро аз ҷавобгарӣ барои амалҳое, ки дар давраи президентияш анҷом додааст ва ё ҳоло анҷом медиҳад, озод хоҳад кард ва ин ба гуфтаи ӯ, хеле хатарнок аст.”. -таъкид намудааст  Токтакунов.

Токтакунов дар бораи муҳтавои дархосташ аз палатаи конститутсионӣ дар саҳифаи фейсбукиаш менависад: «Ин гуна дахлнопазирӣ нирӯи президенти пешинро дар баробари рақибони сиёсияш дучанд хоҳад кард. Рақибонашро мешавад, пушти панҷара кард, вале ӯро не. Ҳатто президенти кунуниро бо изҳори нобоварӣ метавон ба ҷавобгарӣ кашид, вале ба президенти пешин ҳатто наметавон даст расонд. Бинобар ин, ман аз додгоҳ дархост кардам, ки онро бекор кунад»

Маврид ба зикр аст, ки тибқи банди 12-и қонун «Дар бораи кафолати фаъолияти президенти Қирғизистон», президентҳои пешини ин кишвар аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархурдоранд. Онҳо барои амалҳояшон бозпурсӣ, боздошт, ҳабс ё ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ кашида нахоҳанд шуд.

Сегодня я подал в Конституционную палату обращение с требованием признать неконституционным неприкосновенность…

Posted by on 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *