Корхонаи муштараки истихроҷи тиллои Тоҷикистону Чин — «Зарафшон», ки бинобар аз кор монданаш, ҳудуди 2000 нафар сокинони маҳаллиро бекор гузошта буд, бинобар иҷрои талаботҳои ҳукумати Тоҷикистон аз нав ба кор оғоз кардааст.
Шавкат Бобозода, Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дирӯз, 13-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки корхонаи истихроҷи тиллои “Зарафшон” ба хотири он баста шуда буд, ки корхона 5 талабот ва уҳдадориҳое, ки Ҳукумати кишвар ба зиммаашон гузошта буд, дар муддати 10 сол иҷро накард ва гузашта аз ин, мӯҳлати иҷозатномаи фаъолияташон ба поён расида буд.
“Бинобар то иҷрои уҳдадорӣ қисме аз фаъолияти ин корхона боздошта шуд ва баъди иҷрои он ҳукумат дубора барои фаъолият иҷоза дод ва онҳо аллакай аз 6-феврал фаъолияти худро оғоз карданд”,- гуфт Бобозода.
Бино ба гуфти Бобозода корхона мебоист дар муддати 10 сол мактаб, боғча, як маркази барқӣ (ТЕЦ) месохт ва илова бар ин, роҳро таъмир ва музди меҳнати коргаронро зиёд мекард.
“Муттаасифона, аз ин талаботҳо ягонтояш иҷро нашуд. Аллакай 20 тонна тилло гирифтаанд, пагоҳ монда мераванд, дар он ҷо дигар чӣ мемонад? Роҳ вайрон, як мактаб насозанд, як боғча насозанд. Ин хел намешавад! Гуруҳи корӣ муайян кард, ки талабот иҷро нашудааст. Иловар ба ин, мӯҳлати иҷозатномаашон ба охир расида буд. Вақте иҷозатномаи навро пурсиданд, мо аз онҳо иҷрои ӯҳдадориҳои дар иҷозатномаи қаблӣ ба дӯш гирифтаашонро талаб кардем. Ҳозир иҷро карданд, иҷозатномаи навро гирифтанд ва аз рӯзи 6-уми феврал пурра ба фаъолият сар карданд. Ман фикр мекунам, ки ин талаби одилона аст, — таъкид намуд Шавкат Бобозода.
Муаммо ин аст, ки уҳдадории дар муддати 10 сол иҷро нашуда, ҳамагӣ дар камтар аз 1 моҳ иҷро шудааст. Ӯҳдадориҳое, иҷрояшон ки на камтар аз ду солу се сол вақт металабад.
Аммо вазир ҷавоби ин муамморо ба соддагӣ ба хабарнигорон баён карда гуфт, ки иҷроиши масъалаҳои иҷтимоӣ дар маблағгузорӣ аст.
“Лоиҳаи боғча таҳия шудааст. Шартнома бо ширкати сохтмонӣ баста шудааст. Роҳбарияти корхона ҳуҷҷат оварданд, ки музди маоши коргарон баланд карда шуд. Ҳамчунин, тибқи ҳуҷҷати пешниҳодкардаашон сохтмони мактабро ҳам оғоз кардаанд, ба таъмири роҳҳо низ сар кардаанд. Аз ин рӯ, фикр мекунем, масъалаҳои иҷтимоии ин минтақа давоми сол иҷро мешаванд”, — ин буд ҷавоби Бобозода ба муаммои аср.
Як тоҷири муваффақи ватанӣ, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад гуфт, ки усули муносибати ҳукумати Тоҷикистон бо сармоягузорон, тоҷирон ва истеҳсолгарон ҳамеша ба ҳамин намуди “доляситонӣ” ба роҳ монда мешавад. Худи ҳамин бо маблағ иҷро шудани ӯҳдадории дар муддати 10 сол ба иҷронарасида баёнгари ҳол аст.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи истихроҷи тиллои муштараки «Зарафшон» аз 7-уми январи соли равон аз фаъолият бозмонда буд.
Ин корхона сараввал ҳамчун Комбинати маъдани тиллои Тоҷикистон соли 1990 ба кор оғоз намуда он замон танҳо ашёи хом истеҳсол мекард. Моҳи сентябри соли 1994 ҳамроҳ бо ширкати бритониёии «Common wealth and British Minerals, PLC» бо шарти 51 бар 49 корхонаи муштараки «Зарафшон» таъсис дода шуда, моҳи январи соли 1996 маҳсулоти заминавии корхона баъди ба истифода додани навбати аввал 2 тонна тиллои тамғаи «Доре»-ро дар як сол ташкил дод.
Соли 2007 саҳмияҳои корхонаро ширкати Zi jin Mining Group Co Ltd.-и Чин харидорӣ кард. Акнун 75 фоизи саҳмияҳо ба ин ширкати чинӣ ва 25 фоизи он ба Ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ доранд.
Корхона аз воҳиду сохторҳои зиёде иборат буда, шумораи коргаронаш беш аз 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.