Рубрики Хабарҳо

Туркманистон: Орди «зиёдатӣ»аз хонаи мардум мусодира хоҳад шуд

Дар шимоли Туркманистон мақомоти ин кишвар дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли камбуди орд аз хонаҳои мардум ордҳои барзиёд аз истифодаро мусодира хоҳанд кард.

Дар ин бора хабаргузории иттилоъ дода мегӯяд, ки мақомот тасмим гирифтааст, аз роҳи мусодира кардани «орди барзиёд»-и аҳолӣ мушкилии камбудӣ ва норасоии ордро бартараф кунанд.

«Мақомот мехоҳанд манзилҳои сокинонро тафтиш карда, орди зиёдатиро пайдо ва онро мусодира кунанд», — гуфтааст як сокини вилояти Дашоғузи Туркманистон ба хабаргузории centralasian.org.

Тибқи манбаъ, дар ҳоли ҳозир як комисияи махсус сокинонро аз эҳтимоли мусодира шудани орд огоҳ мекунад.

Гуфтанист, ки дар Туркманистон сар аз моҳи декабри соли 2017 норасоии орд мушоҳида мешавад. Дар баробари камбуди ин навъи маҳсулоти ғизоӣ, қимати он низ боло меравад. Охири ҳафтаи гузашта як кило орди қазоқӣ аз 2 ба 4 манат гарон шуд.

Туркманистон чанд соли пеш яке аз кишварҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт, ки ба мардумаш ҳатто баъзе аз намудҳои хидматрасониро ҳамчун таъмини обу газ ройгон ба роҳ монда буд. Аммо дар ду соли охир хидматрасониҳои ройгон аз ҷониби мақомоти ин кишвар пай дар пай аз байн бурда шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *