Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон дар радабандии ФИФА 6 зина боло рафт

Дар радабандии нави Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) мавқеъи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон 6 зина беҳтар шуд. Таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Мегрт тими миллӣ аз зинаи 114-ум то зинаи 108-ум “ҷаҳид”.

Тибқи иттилоъи Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мавқеи даста бинобар ҳунарнамоии муваффақона дар марҳилаи интихобии гуруҳӣ дар Ҷоми Осиё беҳтар шудааст. Дар моҳи июн мунтахаби Тоҷикистон чаҳор бозӣ анҷом дод – дар бозии дӯстона аз тими миллии Сурия дар Дубай шикаст хӯрд (0:1) ва ду пирӯзӣ бар тимҳои миллии Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ба даст овард. Инчунин дар ин мусобиқа бо дастаи Қирғизистон мусовӣ (0:0) кард.

Гуфта мешавад, миёни дастаҳои қораи Осиё тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 20-ум қарор дорад.

Панҷгонаи аввали дастаҳои беҳтарини футболи ҷаҳон дар радабандии ФИФА чунин аст: Бразилия, Белгия, Аргентина, Фаронса ва Англия.

Байни дастаҳои Осиё мисли пешина тими Эрон пешсаф буда, дар зинаҳои баъдӣ Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Қатар қарор доранд.

Миёни кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистон ба зинаи 77-ум баромада, Қирғизистон дар мақоми 95-ум боқӣ монд ва Туркманистон ба зинаи 135-ум поин рафт.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *