Қадами номубораки Маҳмуд,
Гар ба дарё расад, барорад дуд.
Шояд 1000 сол қабл ҳам ҳар гоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ ба нуқтае аз қаламраваш сафар мекард, амирону ҳокимонаш мардумро ба баҳонаи сафари ӯ ғорат мекарданд. Ё шояд танҳо сафар ё гузараш аз маҳале кофӣ буд, ки балое ба онҷо расад. Аз ин рӯ Фирдавсии бузург ин байтро ба қадами номубораки ӯ бахшида буд.
Дуд аз зери қадамро пас аз ҳазор соли Маҳмуди Ғазнавӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аҷаб нест шаҷарааш ба Маҳмуд бирасад ва сохти давлатдориаш ҳам айнан шабеҳи ҳамон сохти 1000 сол қабл аст, бо муваффақияти тамом анҷом медиҳад. Дуди зери қадами ӯ чунон анъана шудааст, ки ҳар гоҳ сафараш ба ноҳияе эълон шуд, мардумро ваҳшат фаро мегирад. Ба хусус, соҳибкорону деҳқонон ва сокинони ҳамон маҳаллаҳоеро, ки тасмим гирифта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо дидан кунад.
Зеро соҳибкор бояд маблағҳои бузурге масраф кунад, деҳқон маҳсулоташро ба намоишгоҳҳо бараду бепул баргардад (зеро он баробари аз ярмарка қадам берун ниҳодани “пешво” аз тарафи масъулини маҳаллӣ талаву тороҷ мешавад) ва мардуми маҳал бояд армияи қарсакзанҳои Раҳмонро, ки садҳо нафаранду “пешво” ҳамеша бо худ мегардонад, чанд рӯз меҳмондорӣ намояд. Ва ин тамоми мусибат нест. Баробари канда шудани пои пешво аз маҳал, онҷо ҳатман нохушие рух медиҳад — сӯхторе, заминҷумбие, обхезие, кушторе… Охирин мисоли он сӯхтори гандумзор дар Данғара баъди расидани қадамҳои номубораки “пешво” аст.
Паём ба асноде даст ёфт, ки нишон медиҳад фоҷеъаи рухдода бо марҳум Ҳоҷӣ Зариф дар Кӯлоб ҳам аз қадами номубораки “асосгузори сулҳу ваҳдат” бархостааст.
Тибқи иттилоъи бадастомада, қабл аз сафари раисҷумҳур ба шаҳри Кӯлоб, ки 10-11 сентябри 2019 иттифоқ афтод, масъулини ҳукумати шаҳр кӯшиш карданд нишон диҳанд, ки дар Кӯлоб хама сохторҳо кору фаъолияти пурсамару хуб менамоянд ва камбудие нест.
Барои ҳамин аз соҳибкроне, ки ба таъмини корхонаҳои аз буҷа сармоягузорӣ кардашаванда хоҳиш карда мешавад ки бе пардохти пул ба ин муассисаҳо маҳсулоти заруриро таъмин намоянд.Ҳукумати маҳаллӣ ба онҳо ваъда медиҳад ки маблағҳои онҳоро баъди сафари Раҳмон пардохт менамояд. Айнан ҳамон коре, ки Иноятов бо соибкорони истравшанӣ кару то ҳол пулҳоро пардохт накардааст. Яке аз ин соҳибкорони кӯлобӣ ҳоҷӣ Зариф Абдуллоев буд.
Ӯ ба чанд муасиссаи томактабӣ маҳсулоти хӯрокворӣ (орду нон, гречка, перловка, гуркулес, гандумак ва ғайра) ба маблағи 200000 (дусад ҳазор) сомонӣ мерасонад. Раиси шуъбаи молияи шаҳри Кӯлоб Одина Раҳмон (аҷиб нест, ки ҳар чаҳорум мансабдори тоҷик ин насабро дорад?) кафолат медиҳад ки баъди сафари раисҷумҳур ҳамаи маблағҳояшонро пардохт мекунад. Ҳоҷӣ Зариф чунин маблағ надошт ва ин маҳсулотро аз дигар соҳибкорон қарз гирифта супурда буд.
Баъди сафари Рахмонуф ин ваъдаи пардохт ба мӯҳлати номуайян ақиб гузаронида мешаванд. Ва бо омадани вируси куруно ба “кидат”-и рӯирост мубаддал мегардад. Аз сабаби он ки ин маҳсулотро ҳангоми қабул муассисаҳои томактабӣ ҳуҷҷатгузорӣ намекунанд, Ҳоҷӣ Зариф ба онҳо бовар карда, бе ҳуҷҷатгузорӣ месупорад . Бо гузаштани ин муддат Ҳоҷӣ Зариф дигар маблағи худро ба таври қонунӣ талаб карда наметавонад ва аз ноилоҷи худро оташ мезанад. Манобеъ мегӯянд Ҳоҷӣ Зариф воқеан шахси баномусе буд ва аз хиҷолате, ки назди фурӯшандагони маҳсулот дошт, ба ин кор даст задааст.
Ҳоҷӣ Зариф танҳо соҳибкоре набуд, ки сафари “пешво” хонаашро сӯхт. Чанд соҳибкори дигар низ ба ин ҳол гирифтор шуданд. Аз сабаби он ки маблағҳояшонро идораи молияи шаҳри Кулоб надод, яке маҷбур шуд тарки ватан намуда барои додани қарз ба мардикорӣ равад, комилан муфлис ва аз тиҷорат хориҷ шуд.
Барои баррасии ин қазия гуруҳи тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони агентии зидди фасод, КДАМ ва додситониву ВКД тафтишотро оғоз намуданд. Бо мудохилаи роҳбари ғайрирасмии шаҳри Кулоб – Бахтиёр Назаров, собиқ сардори шӯъбаи молияи шаҳри Кулоб ва зимни тафтишот сардори раёсати молияи вилояти Хатлон, ин гурӯҳи тафтишотӣ фақат он маблағҳое ки ба таври расмӣ муассисаҳои томактабӣ қарздор буданд, дарҷ карданд ва ба ин “натиҷа” расиданд, ки ин муассисаҳо аз Зариф Абдуллоев 21000 сомонӣ қарздор ҳастанду халос. Баъди гузашти чанд вақте раиси молияи шаҳри Кулобро аз кор гирифтанд.
Ҳатто баъди маргаш маблағҳои ғасбшудаи Ҳоҷӣ Зариф баргардонида нашуданд. Пардохти маблағҳое, ки ӯ аз соҳибкорон гирифтаву ба муассисаҳои давлатӣ дода буд, ба дӯши хонаводааш афтодааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб рафт, таърифу тавсифашро аз забони чанд тамаллуқкор шунид, ба духтарони атласпӯш ба пешвозашомада чашм давонду рафт. Шояд касе аллакай он сафари Раҳмонро ба хотир надорад, ҳарчанд ҳанӯз як сол ҳам аз он нагузаштааст. Чизе, ки аз ин сафар сабти таърих шуд, марги Ҳоҷӣ Зариф буд, ки номусаш иҷоза надод ҳақи мардум ба дӯшаш бошад.