Рубрики Хабарҳо

Баргардонидани муҳоҷирон —маъракаи таблиғӣ ё тиҷорӣ?

Шурӯъ аз имрӯз, 25-уми июн мақомоти Тоҷикистон ба баргадонидани шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар Русия оғоз карданд. Қарор аст 8 парвози чартерӣ анҷом шавад ва ба гуфтаи мақомот пеш аз ҳама нафарони бештар аз дигарон ниёзманд парвоз хоҳанд кард. Парвозҳо ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбург сурат мегиранд.

Иқдоме сутуданӣ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон. Тибқи иттилоъе, ки мо дар даст дорем, воқеъан нафарони зиёде дар Русия дармондаанд, ки бояд бидуни таъхир ба кишвар бурда шаванд: занҳои кӯдакдоре, ки дар кӯча мондаанд, кӯдакону наврасоне, ки волиданошан дар кишвар худашон дар Русия банд шудаанд ё баръакс, кампиру мӯйсафедоне, ки барои дидани фарзандонашон омадаву наметавонанд баргарданд, беморон, дар кӯча мондаҳо ва ғайра.

Мо ҳамеша мекӯшем хабари хубе пайдо кунем, то гоҳ-гоҳе аз иқдоми мақомот ситоиш кунем. То чанд соат пеш мо воқеъан ният доштем аз ин иқдоми ҳарчанд хеле дершудаи ҳукумати Тоҷикистон тавсиф кунем. Мутассифона баъзе хабарҳое ба дасти мо расиданд, ки ин иқдомро ҳам зери суол бурданд.

Хабари аввал ин аст, ки ҳади ақал се соҳибкор аз Маскав, ки на ниёзманданд ва сафарашон танҳо сафари тиҷорист, тавонистаанд барои парвоз ба кишвар кафолати сафорату консулгариро ба даст оранд. Ду нафар ба ивази 700 долларӣ ва як нафар ба ивази 750 доллар. Аз ду нафар 300 долларӣ пешпардохт гирифта, гуфтаанд, ки боқимондаашро дар фурӯдгоҳ ба хазина месупоранд. Зоҳиран қимати билетҳо барои парвоз 400 доллар хоҳад буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки сафорат эълон кардааст ба касе билет фурӯхта намешавад ва онҳое, ки номнавис шудаанд, билеташонро дар фурӯдгоҳ мегиранд.

Хабари дуввуме, ки манбаъи мо аз Тоҷикистон дод ин аст, ки ҳарду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон парвозҳоро чун парвози тиҷорӣ нархгузорӣ кардаанд ва бо фоидаи хеле боло. Яъне парвозҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон чун иқдоми башардӯстона ва ғамхорӣ ба шаҳрвандонаш муаррифӣ мекунад, дар асл парвози тиҷорӣ буда, бештар барои даромад гирифтани ду ширкати ҳавопаймоӣ анҷом мешавад. 

Ин буд, ки чанд амалкарди мақомот боз моро ба шубҳа андохт:

1. Сафорат хоҳишмандони парвозро номнавис мекунад, вале ба касе кафолати парвоз намедиҳад;

2. Ба онҳое, ки номнавис шудаанд, аз сафорат занг зада рӯзу соати парвозашонро хабар хоҳанд дод;

3. Билетҳо дар фурӯдгоҳҳо фурӯхта мешаванд;

4. Қимати билет маълум нест.

Яъне ҳамаи онҳое, ки соатҳо дар назди сафорату консулгариҳо навбатпоӣ карда, худро номнавис намудаанд, ҳанӯз ҳам парвозашон дақиқ нест ва ба умеди Худо нишастаанд. Агар аз сафорат занг зада даъват карданд, парвоз мекунанд, агар на, даводаву умедҳояшон бефоида. 

Фурӯхта нашудани билет ва маълум набудани қимати он бештар ба маъракаи таблиғии як музояда мемонад. Яъне масъулин қимати билетро вобаста ба талабот муайян хоҳанд кард. Агар талабот зиёд шуд, онҳое ба ҳавопаймо роҳ меёбанд, ки қимати бештаре пардохт мекунанд. 

Ношаффофии ин маърака ва одати ҳатто аз ҳаво кӯшиши пул кор кардан доштани масъулин дар Тоҷикистон бори дигар моро ба самти ин пешбинӣ мебарад, ки ин дафъа ҳам мақомоти Тоҷикистон мисли ҳамеша мусибати мардумро барои гирифтани даромад ва ғорати кисаҳои шаҳрвандон истифода мекунанд. Мақомот мехоҳанд бо як тир ду нишон зананд: ҳам бо таблиғи ин маърака холи сиёсӣ ба даст оранд ва ҳам барои “Тоҷик Эйр”-и муфлисшудаву “Сомон Эйр”-и бедаромадмонда каме ҳам бошад фоида оранд. Агар ин маъракаи тиҷорӣ ва таблиғӣ набуд, мақомот аз қабл қимати билетҳоро эълон мекарданд, нафарони воқеъан ниёзмандро номнавису ошкор менамуданд ва умуман тамоми маъракаро шаффоф пеш мебурданд. 

Чанд моҳ қабл аз интихобот, дар айёми ҳамлаи бошиддати мухолифон ба ҳукумат ва талаби истеъфо, афзоиши норозигии шадиди мардум, бахусус муҳоҷирони корӣ, дасткӯтоҳии ҳукумат дар таъмини на танҳо ниёзҳои аввалия, ҳатто моҳона — ҳақи ҳалоли мардум ташкили парвозҳо барои баргардонидани шаҳрвандони дармонда, таблиғи сиёсии баде нест. Аммо мо мутмаъинем, ки аз ин маърака ҳам ҳукумат шармандавор хориҷ хоҳад шуд.

Имкон надорад, ки билетҳои ба ниёзмандон пешбинишударо ба соҳибкорон фурӯшӣ, қимати онро гаронтар аз парвозҳои ҳамешагӣ кунӣ, садҳо нафарро номнавис кардаву фиреб намоӣ ва ин аз назари мардум пинҳон монад. Аз тарафи дигар чӣ мубаллиғон ва чӣ имиҷмейкерҳои ин ҳукумат аз ҳамон тоифаанд, ки Бег Сабуру Нуриддин Саид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *