Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар ҳоле аз рӯзи чаҳоршанбе 7 декабр мизбони Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин хоҳад буд, ки равобити Вашингтон ва Риёз дар марҳалаи ҳассосе қарор дорад.
Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ эълом кард, ки Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин рӯзи чаҳоршанбе 7 декабр дар як сафари расмии 3-рӯза ба Арабистони Саудӣ хоҳад рафт.
Бар асоси барномаи эъломшуда барои сафари раисҷумҳури Чин, ӯ дар 3 нишасти мухталиф дар Арабистони саудӣ ширкат хоҳад кард. Ҳузури Си Ҷинпин дар “иҷлоси сарони кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс ва Чин” ва “иҷлоси сарони кишварҳои арабӣ ва Чин” дар канори дидор ва гуфтугӯ бо подшоҳ ва валиаҳди Арабистони саудӣ дар сафари раисҷумҳури Чин ба Арабистони Саудӣ барномарезӣ шудааст.
Сафари раисҷумҳури Чин ба Арабистони Саудӣ дар ҳоле анҷом мешавад, ки равобити Риёзу Вашингтон бар сари мавзӯъоте монанди амнияти энержӣ, амнияти минтақаӣ ва ҳуқуқи башар муташанниҷ аст.
Охирин зарба ба равобити Амрико ва Арабистон замоне буд, ки вазирони “ОПЕК плюс” шомили аъзои ОПЕК ва муттаҳидони ин созмон монанди Русия, дар ҷаласаи рӯзи якшанбеи худ мувофиқат карданд, ки барномаи тасвибшуда дар моҳи октябр мабнӣ бар коҳиши тавлид ба мизони 2 миллион бушка дар рӯзро идома диҳанд. Ин тасмими “ОПЕК плюс” бо ибрози норизоияти Вашингтон мувоҷиҳ шуд, ба гунае, ки аз он ба унвони “ҳамсуӣ” бо Русия дар ҷанги Укроин ёд кард.
Бо вуҷуди ин, бархе аз коршиносони равобити байналмилал бар ин назаранд, ки Арабистони саудӣ бо сафари Си Ҷинпин ба ин кишвар, ки нахустин сафари ӯ аз соли 2016 аст, бештар ба думболи дастовардҳои иқтисодӣ хоҳад буд то тағйири маънидор дар ҳампаймонияш бо Амрико.
Ба гуфтаи ин гурӯҳ аз коршиносон, масъалаи аслии ҳокимони Арабистони саудӣ бештар кардани шарикиҳо барои таъмини манофеъи иқтисодӣ ва амнияти ин кишвар аст.
Арабистони саудӣ бузургтарин содиркунандаи нафти ҷаҳон аст ва Чин ҳам ба унвони бузургтарин воридкунандаи нафти хом, дастикам як чаҳорум аз содироти нафти Арабистонро харидорӣ мекунад. Ҳамчунин потенсиали ҳамкорӣ дар тавсеаи зерсохтҳо монанди полоишгоҳҳо барои 2 кишвар вуҷуд дорад.
Фаротар аз энержӣ, Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ шарикӣ бо Чинро дар ростои барномаи ислоҳии 2030-и худ арзёбӣ мекунад.
Сафари Си Ҷинпин ба Риёз аз нахустин сафарҳои ӯ ба хориҷ аз Чин аз замони ҳамагирии бемории коруно дар авоили соли 2020 аст.
Бо ин ҳол пазириши равобити наздиктари Арабистони саудӣ бо Чин ба ин маъно нест, ки Риёз мехоҳад ҳамкории худро бо Вашингтон коҳиш диҳад. Мақомҳои Арабистони Саудӣ ҳатто дар замони ғавғо бар сари коҳиши тавлиди нафти “ОПЕК плюс” дар моҳи октябр ва таҳдидоти Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, бар аҳамияти равобити худ бо Вашингтон таъкид мекарданд.
Ҳамчунин Чин бо вуҷуди ҳамкориҳои низомӣ бо Арабистони Саудӣ то кунун натавонистааст кафолатҳои лозими амниятӣ ба ин кишвар ироа диҳад, мавзӯе, ки аз солҳо пеш зербинои ҳамкориҳои Вашингтон ва Риёз будааст.
Бинобарин, агарчи беҳбуди равобит бо Чин барои саудиҳо як авлавият аст, аммо то замоне ки таҳаввулоти минтақа ба шакли кунунӣ идома ёбад ва то замоне ки ин кишвар дар баробари ҳамалоти низомии Эрон ва шибҳинизомиёни вобаста ба Теҳрон ба шиддат осебпазир бошад, маҳдудиятҳо барои дур шудани Арабистони Саудӣ аз Амрико вуҷуд хоҳад дошт.
Евронюс