Рубрики Хабарҳо

Гармӣ муроҷиати шаҳрвандон ба Ёрии таъҷилии тиббиро бештар кардааст

Гармиҳои ғайримаъмулӣ муроҷиат ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии Душанберо бештар кардааст. Дар як рӯз беш аз 300 нафар сокинони пойтахт барои кумаки тиббӣ муроҷиат мекунанд.

“Азия-Плюс” бо истинод ба муовини директори Марказ Раҳимҷон Раҳимов хабар медиҳад, ин нишондиҳанда10-15% зиёдтар нисбат ба рӯзҳои муқаррарӣ аст.

“Одамон бо шикоятҳои баландшавии фишори хун, мушкилоти роҳҳои нафаскашӣ, бемориҳои дилу раг, инчунин бадшавии кори узвҳои ҳозима муроҷиат менамоянд”, — гуфтааст Раҳимов.

Ӯ зикр кард, ки бо вуҷуди гармии беш аз ҳад ва муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон, шумори марги одамон зиёд нашудааст.

Раҳимов ба шахсони гирифтор ба бемориҳои гуногун тавсия дод, ки аз сафару сайругаштҳо худдорӣ намуда, доруҳояшонро саривақт истеъмол кунанд.

“Дар ҳавои ниҳоят гарм рагҳои хунгард васеъ шуда, гардиши хун тезтар ва арақкунӣ зиёд мешавад. Талаф ёфтани оби бадан аз арақкунӣ метавонад ба вайрон шудани тавозуни обу намак, бад шудани кори низоми дилу рагҳо ва рӯдаву меъда боис гардад”, — илова намуд Раҳимов.

Ёдрас мекунем, ки айни замон қариб дар саросари дунё, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ обуҳавои ниҳоят гарм ҳукмфармо аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *