Рубрики Хабарҳо

Лавров: ҳадафи мо танҳо шарқи Укроин нест

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия мегӯяд амалиёти низомии Маскав пас аз ин дигар танҳо маҳдуд ба шарқи Укроин нахоҳад буд ва манотиқи дигаре аз ин кишвар низ мавриди ҳадафи нерӯҳои артиши Русия қарор мегиранд. 

Лавров рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо расонаи давлати РИА Новости ҳамчунин таъкид кард музокироти сулҳ дар шароити кунунӣ бемаънӣ аст зеро, ки ба бовари Керемл давлатҳои ғарбӣ ба ҷойи гуфтугӯ барои поён додан ба ҷанги Украина, ба думболи идомаи даргирии низомӣ ҳастанд. 

Ин изҳороти вазири хориҷаи Русия бо посухи ҳамтои украинии ӯ рӯ ба рӯ шуд. Дмитрий Кулеба Русияро муттаҳам кард, ки ин кишвар хоҳони хун аст, на гуфтугӯ. 

Сӯҳбатҳои Лавров ба вижа аз он ҷиҳат қобили аҳамият аст, ки пештар мақомҳои русӣ таъкид карда буданд барномае барои ишғоли Укроин надоранд ва танҳо барои дифоъ аз ҳуқуқи ақаллияти рус дар манотиқи шарқии Укроин амалиёти низомии худро калид задаанд. Ин дар ҳолест, ки изҳороти ҷадиди вазири хориҷаи Русия нишон медиҳад, ки эҳтимолан роҳбурди ҷанги Керемл дар Укроин тағйир ва доманаи амалиёти низоми ин кишвар густариш ёфтааст. 

Лавров дар бахши дигаре аз ин гуфтугӯ ҳамчунин таъйид кард, ки воқеиятҳои ҷуғрофиёӣ аз замоне, ки музокиракунандагон рус ва укроинӣ дар авохири моҳи март дар Туркия даври як миз нишастаанд, тағйир кардааст. Ў зимни ишора ба ин ки дар он замон тамаркузи Маскав рӯйи ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск буд, афзуд: “акнун ҷуғрофия мутафовит аст ва фақат ду минтақаи Донетску Луганск мадди назари Русия нест, балки манотиқе чун Херсон ва Запорожйе ва теъдоде аз манотиқи дигар низ дар Укроин мавриди таваҷҷуҳ аст ва ин раванд ба таври мантиқӣ ва мудовим идома дорад.” 

Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин таъкид кард, ки ин кишвар наметавонд ба Зеленский иҷоза диҳад, ки қаламрави як кишвар ё ҷумҳуриҳои худхонда дар Донетск ва Луганскро бо системҳои дурбурд таҳдид кунад. Ишорае, ки нишон аз норизоияти мақомҳои Русия аз таҷҳизи Укроин бо таслиҳоти ғарбӣ дорад. 

Пеш аз ин ва дар моҳи март ҳам Русия талошҳое барои тасарруфм Киев анҷом дода буд, аммо пас аз нокомӣ дар расидан ба аҳдофи мавриди назар эълом карда буд, ки ҳадафи аслии ин кишвар “озодсозии Донбасс” хоҳад буд. 

Наздик ба чаҳор моҳ баъд, неруҳои Русия тавонистанд Луганскро ба тасарруфи худ дароваранд, аммо то тасарруфи Донетск ҳанӯз фосилаи зиёде вуҷуд дорад. Русия дар чанд ҳафтаи гузашта ҳамалоти мушакии худ ба шаҳрҳои мухталифи Укроинро афзоиш додааст. 

Изҳороти Лавров як рӯз пас аз он матраҳ мешавад, ки Кох Сафед эълом карда буд, Русия дар ҳоли оғози тарҳе барои илҳоқи бахшҳои бузурге аз ҷануби Укроин ба ин кишвар аст. Вашингтон мегӯяд ин барномаи Русия дар қолаби баргузории “референдумҳои сохта” сурат хоҳад гирифт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *