Содироти сементи Тоҷикистон дар як даҳ моҳи соли ҷорӣ 30% афзоиш ёфта ба 1 миллиону 100 ҳазор тонн расидааст. 95 дарсади ин содирот ба корхонаҳои муштараки Тоқикистону Чин рост меояд.
Ширкатҳои муштараки истеҳсоли семент “Чунгтсай Моҳир семент”, “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Хуаксин Ғаюр Суғд” бо тартиб 38,5%, 32,6%, ва 24,2%-и содиротро ба дӯш доранд.
Сементи ин ширкатҳо асосан ба кишварҳои ҳамсоя содир шудааст. Аз ҷумла ба Ӯзбекистон 670 ҳазор тон, ба Афғонистон 423 ҳазор тон ва ба Қирғизистон 80 ҳазор тон.
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилоъи вазорати саноъат ва технологияҳои нави Тоҷикистон истеҳсоли умумии семент дар Тоҷикистон 3,2 миллион тонро ташкил додааст. Корхонаи «Сементи Тоҷик» ҳамагӣ 6,5 дарсади истеҳсоли семент дар кишварро таъмин мекунад.
Баъди бунёди корхонаҳои муштараки сементбарорӣ бо Чин воридоти семент ба Тоҷикистон бо шиддат кам мешавад. Барои мисол агар дар соли 2013 Тоҷикистон 1 миллиону 79 ҳазор тон семент ворид карда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2017 ба 44 ҳазор тон поин фаромадааст.