11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Сенои Амрико дар бораи таваққуфи ҳимоят аз Арабистон дар ҷанги Яман тасмимгирӣ мекунад

Пешнависи қатъномае, ки хостори поён додан ба ҳимояти Иёлот муттаҳидаи Амрико аз Арабистони Саудӣ дар ҷанги Яман аст барои раъйгирӣ дар маҷлиси сено ироа хоҳад шуд.

Барни Сандерз, Майк Ли ва Крис Морёнфи, се сенатори амрикоӣ пешнависи ин қатъномаро ироа доданд, ки имрӯз дар комиссиюнҳои марбута ба раъйгирӣ гузошта хоҳад шуд.

Пешнависи ин қатънома алорағми изҳороти Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар ҷаласаи тавҷеҳӣ бо 63 раъйи мувофиқ ва 37 раъйи мухолифи намояндагон ба тасвиб расид.

Сенатор Сандерз аз мудофеъони пешнависи қатъномаи мазкур, ки хостори поён додан ба ҳимояти ҳукумати Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико аз Арабистони Саудӣ дар ҷанги Яман буд, дар робита бо ин раъйгирӣ гуфт: “давлати Амрико бояд паёме ба давлати Арабистони Саудӣ бидиҳад, ки онҳо ба ҳимоят аз ҷангҳои фоҷиъаомези ношӣ аз як режими мустабид бо як сиёсати низомии хатарнок, мухарриб ва ғайримасъулона идома нахоҳанд дод.

Мо бояд дар хусуси иттифоқот дар ҷанги Яман ва нақши мо дар он тасмим бигирем ва раъйгирии имрӯз дар ин бора аст. Тасвиби ин қатънома дар раъйгирие, ки дар моҳ март баргузор шуд ва ба далел ихтилофи 6 раъй ба тасвиб нарсида буд, ба манзилаи пирӯзӣ барои сенаторҳо аст, ки қасд доранд нақши Амрико дар ҷанги Яманро мутаваққиф кунанд.

Агар пешнависи қатъномае, ки ба раъйи умумӣ ба маҷлиси Сено гузошта мешавад, дар инҷо тасвиб шавад, ба раисҷумҳур ироа хоҳад шуд”.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *