Рубрики Хабарҳо

Билохира дарҳои бузургтарин масҷиди Тоҷикистон боз мешаванд?

Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ имрӯз зимни як турнеи осиёимиёнаӣ вориди Узбекистон мешавад. Қарор аст ӯ онҷо то фардо бимонад. Расонаҳо аз сафари ӯ ба Тоҷикистон дар 8 июн, зимни ин турне хабар медиҳанд, аммо расонаҳои қазоқ низ айни ҳамин рӯзро барои сафари ӯ ба Қазоқистон “таъин кардаанд”.

Дидору мулоқотҳои амири Қатар бо раҳбарияти Узбекистон ва имзои чандин созишномаҳо қарор аст дар Самарқанд баргузор шавад. Аз Самарқанд ӯ фардо, 6 июн озими Бишкек хоҳад шуд. 

Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъаш менависад сафари Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон рӯзи 8 июн дар назар гирифта шудааст ва қарор аст аснои он масҷиди калонтарини Тоҷикистон бо ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон ва амири ифтитоҳ шавад.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои қазоқӣ навиштаанд, ки амири Қатар дар Форуми байналмиллалии Остона, ки рӯзҳои 8 ва 9 ибн баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.   

Дар ҷараёни сафари амири Давлати Қатар ба Тоҷикистон ҳамчунин дар назар аст беш аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расад. 

Амири Қатар дар турнеи осиёимиёнагии худ бо сарони ин кишварҳо дидор ва дар бораи роҳҳои тақвияти робитаҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ хоҳад кард. Мақомоти баландпояи қатарӣ ва чанд тоҷир, Амири Қатарро дар ин сафарҳо ҳамроҳӣ мекунанд.

Масҷиди бузургтарин дар Тоҷикистон, ки бо сармояи Қатар сохта шудааст, солҳост интизори сафари амири Қатар дарҳояш бастаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳади ақал 5 маротиба аз ифтитоҳи қарибулвуқӯъи масҷид хабар дода ва санаи онро ҳам таъин карда буданд. Аммо ҳар дафъа он ба таъхир меафтод. Ин бори 6-ум аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *