11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Кабирӣ: таъқиби муҳоҷирон муқаддимаи сафари Лавров ба Тоҷикистон буд

Имрӯз Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия вориди Тоҷикистон шуд. Сафари ӯ дар пасманзари саркӯб, таъқиб ва таҳқири ҳазорон муҳоҷири корӣ дар Русия буд, ки се ҳафта қабл шурӯъ шуд ва то ҳанӯз идома дорад. Ҳатто баъди эълони сафари Лавров ба Тоҷикистон ҳам ин саркӯбҳо хотима наёфтанд — имрӯз чанде аз хонандагони “Паём” аз боздоштҳо дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Барнаул хабар доданд.

“Паём” аз Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, ки саркӯбҳо дар Русияро шадидан маҳкум карда ва чанд карат ҳам аз муҳоҷирон даъват карда буд ҳарчи зудтар Русияро тарк кунанд, пурсид:

— Оё сафари Лавров муқаддимаи шурӯъ гуфтугӯҳо дар бораи муҳоҷирон аст ё саркӯби муҳоҷирон муқаддимаи сафари Лавров буд? 

Муҳиддин Кабирӣ гуфт:

—  Сафари қарибқлвуқӯъи Лавров ба Тоҷикистонро бояд аз ду аспект нигоҳ кард: яке ин ки ҷуғрофиёи сафарҳои Лавров хеле маҳдуд шудааст — Африқо ва кисми Осиё. Шумо мебинед, ки Лавров хеле дар кишварҳои африқоӣ фаъол аст, ва он ҳам дар кишварҳои ақабмонади африқоӣ ва осиёӣ. Зеро кишвраҳои каме пешрафта дар муносибат бо Русия эҳтиёт мекунанд, то мносиботи худ бо Ғарб ва кишварҳои пешрафтаро бад насозанд. Бинобар ин ман сафари Лавровро ҷузъе аз ҳамон дипломатияи ҷадиди Русия медонам, ки талош мекунад кишварҳои африқоӣ ва осиёиро дар меҳвари сиёсатҳои хориҷии худ нигаҳ бидорад. 

Аз тарафи дигар сафари Лавров метавонад ҷузъи нақшаи Русия дар Осиёи Марказӣ, ба хусус дар Тоҷикистон бошад. Ҳоло акнун дарк мекунем, ки чаро фишори зиёд болои муҳоҷирини тоҷик дар Русия дар ин ду-се ҳафтаи охир зиёд шуд ва ин метавонад ҳамчун муқаддимаи сафари Лавров ба Тоҷикистон бошад.

 — Ин сафар чӣ натиҷа хоҳад дод?

— Чанд фарзия буд, ки барои чи Русия якбора фишор боли муҳоҷирони тоҷикро зиёд кард ва аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад? Ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёӣ, пешгирӣ аз равобити қавитар бо Чин ё ваъдаҳо худ дар ҷанг бо Укроинро иҷро накардани Эмомалӣ Раҳмон? Ҳарчанд кадоме аз ин сабабҳо будани баҳонаи фишор маълум набуд, ҳамагон мутмаъин буданд, ки ҳатман ин фишорҳо омили фишор болои Тоҷикистонанд ва бо фишор бар муҳоҷирин Кремл ба Раҳмон паём мефиристад.

Чун мо ин таҷрибаро дар гузашта ҳам доштем: вақте Қирғизистон барои пойгоҳи низомии Русия аз ин кишвар солона садҳо миллион доллар ба даст овард ва танҳо баъди он розӣ шуд, ки ба вуҷуди пойгоҳи низомӣ дао хоки Қирғизистон мувофиқат кунад, Тоҷикистон ҳам як талош кард. Эмомалӣ Раҳмон даъво кард, ки як зарра хоки Тоҷикистон ба касе бепул дода намешавад ва билофосила Русия аз ҳамон фишанги доимии худаш истифода намуду вазъияти муҳоҷирин хеле бад шуд. Баъди он якбора вазири дифоъи Русия ба Тоҷикистон сафар кард ва бидуни кадом шарту имтиёзи иловагӣ, Душанбе розӣ шуд пойгоҳи 201-ро боз ба муддати 50 сол ба Русия бидиҳад. 

Ин як усули истифодашуда ва доимии Русия аст ва ин паёми доимӣ ба Раҳмон аст, ки мо туро ба сари қудрат овардем ва ҳар вақте ҳам бихоҳем аз қудрат дур мекунем.

Осонтарин ва камхарҷтарин василаи табаддулот барои Русия ин истифода аз муҳоҷирин аст, чун агар 20-30 дарсади муҳоҷирини тоҷик дар Русия ба ватан баргарданд, як коллапси иҷтисодӣ-иҷтимоӣ дар Тоҷикистон рух хоҳад дод ва натиҷааш ҳам боз ҳамон табаддулоту инқилоб хоҳад буд, ки инро ҳам Раҳмонов ва ҳам Кремл хуб медонанд. 

Мутмаъин бошед, ки Лавров аз Душанбе бо дасти холӣ бар нахоҳад гашт.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *