Пас аз судури фармони басиҷи нерӯҳои захира аз сӯи Путин, садҳо мӯътариз дар Русия ба хиёбонҳо омаданд. Аз Сибир то Маскав. Полис бо хушунат тазоҳуротро саркӯб ва дар як шаб 1200 нафарро дар 35 шаҳр дастгир кард.
Фарёди «Нест бод ҷанг» бори дигар дар хиёбонҳои шаҳрҳои мухталифи Русия танинандоз шуд. Ин бор на ҳазорон нафар мисли оғози ҳамлаи Русия ба Украина, балки садҳо нафар ҷуръат карданд барои эътироз ба фармони басиҷи умумии Путин ба хиёбон бираванд.
Дар Маскав як хабарнигор ба сурати зинда аз хиёбон гузориш ва шарҳ медод, ки чи гуна мардум яке пас аз дигаре аз сӯи полис дастгир мешаванд. Дар поёни гузориш майдон холӣ шуда буд.
Ин эътирозот дар сар то сари Русия сурат гирифт — аз шаҳри Томск дар Сибир то бандари шимолии Архангелск.
Бино бар гузориши созмони ҳуқуқибашарии Оvd-info танҳо чаҳоршанбешаб, 21 сентябр, беш аз 1200 нафар дар 35 шаҳр Русия боздошт шудаанд.
Чӣ касоне бояд ба ҷанг бираванд?
Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоии Русия сӯҳбат бар сар ин аст, ки чӣ касоне шомили ин басиҷи умумӣ мешаванд.
Як нафар дар як канали телеграми тарафдори давлат навиштааст: “зоҳиран ниёз ба неру шадид аст, ҳадди ақал барои ин ки артиш мо танҳо ба кораш идома диҳад. Ин факт аст ва интизораш ҳам мерафт.”
Воқеият ин аст, ки фармони басиҷи умумӣ комилан норавшан аст. Дар ин фармон аз 300 ҳазор нерӯи захира сӯҳбат шуда аммо дар айни ҳол гуфта шуда, ки фарохон барои «тамоми шаҳрвандони зан ва марди Русия» аст.
Сергей Кириенко, фаъоли ҳуқуқи башари рус, мӯътақид аст «фармони басиҷи умумӣ» дар воқеият хеле бузургтар ва бештар аст. Ў мегӯяд: “рақами 300 ҳазор нафаре, ки аз сӯи вазири дифоъ эълом шуда ва ҳамин тавр меъёри интихоби ин афрод, ҳама нишондиҳандаи як найранг аст. Ба ҳамин далел дар фармони раисҷумҳур ҳеҷ асаре аз адад ва рақам нест.”
Ба гуфтаи ӯ вазир дифоъ метавонад имрӯз як рақам бигӯяд ва фардо онро иваз кунад. Кириенко идома медиҳад: “ба каломи дигар: мо бояд ба вузӯҳ инро бифаҳмем, ки имрӯз ҳар шаҳрванд дар омодабош ва захира қарор дорад, тақрибан ҳама мардон ва заноне, ки метавонанд ба хидмати сарбозӣ фаро хонда шаванд.”
Фарохони иҷборӣ ба ширкат дар ҷанг дар Русия бисёр номақбул аст. Шаҳрвандони ин кишвар ба ёди ҷанги бидуни пирӯзӣ дар Афғонистон ва набарди хунини чечен меафтанд. Сергей Кириенко мегӯяд: “ин мошин ҳам акнун ба роҳ афтодааст ва барои ҳар шаҳрванд муҳим нест, ки дар ҳоли ҳозир чанд нафар ба хидмат гирифта шаванд, фарқе намекунад 300 ҳазор нафар бошанд ё ним миллион. Алъон сарбозӣ иҷборӣ аст ва ҳар шаҳрвандро метавон ҳадафманд фаро хонд.”
Раиси кумитаи дифоъи Дума, парлумони Русия, ташреҳ карда, ки неруҳои захира дар дохили Русия метавонанд танҳо сафари корӣ анҷом диҳанд. Ў ин афродро аз гузарондани таътилот дар Туркия, ки самти дӯстдоштаи бисёре аз русҳост, бар ҳазар доштааст. Ин мақоми давлатӣ тасреҳ карда, ки ҳар касе даъватнома дарёфт кунад дигар наметавонд озодона рафтуомад кунад.
Ба ҳамин далел тамоми парвозҳо ба кишварҳое, ки барои русҳо виза намехоҳанд пур шудааст. Билетҳои Истамбул ва Арманистон то чандин рӯз тамом шуда ва эълом шуда дар рӯзҳои оянда дубора ба фурӯш мерасад, албатта бо қимати бисёр бештар.
Дар марзи Финланд ва Муғулистон низ сафи тӯлонии автомобилҳо барои хурӯҷ аз Русия ба чашм мехӯрад.