Дар фасли сармо шикояти сокинони Тоҷикистон аз набудани барқи доимӣ ва идома ёфтани лимити барқ бештар шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ дар ҳоли афзоиш аст.
Ба иттилои хабаргузории сокинони вилояти Суғд аз набудани барқ шикоят карда гуфтаанд, ки рӯзу шабҳои фасли сарди зимистонро бо мушкили камбуди барқ сипарӣ мекунанд. Ҳам рӯзу ҳам шаб барқи хонаҳояшон қатъ карда мешавад.
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд,шабона аз соати 22:00 то 05:00-и субҳ ва рӯзона аз соати 09:00 то соати 15:00 интиқоли барқро қатъ мекардаанд.
Мушкили қатъи барқрасонӣ ду моҳ қабл аз оғози фасли зимистон дар шаҳру навоҳии умдатан куҳистони Суғд шуруъ шуда буд. Он замон масъулони идораи барқ онро ба таъмири хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқӣ рабт дода, мегуфтанд, ки ин ҳама барои дар фасли сармо бе мушкил бо барқи доимӣ таъмин намудани аҳолии кишвар аст.
Аммо ин дар ҳолест, ки аксар сокинони навоҳии кишвар аз маҳдудуяти барқрасонӣ шикоят мекунанд.
Дар бораи сабаби қатъи барқрасонӣ ҳеҷ кас ҳеҷ чиз шарҳ намедиҳад. Аз сабаби набудани барқ ва сардӣ сокинон хонаҳоро бо таппаку ангишту ҳезум гарм карда, дар асри 21 аз равшании шамъ истифода мебаранд.
Ба гуфтаи як масъули идораи барқрасонии шаҳри Истаравшан сабаби қатъи барқ дар он будааст, ки дар фасли зимистон талабот ба истифодаи барқ зиёд шуда, ин ҳолат эҳтимоли сабаби рух додани садама ва сӯхтор дар хатҳои барқиро ба вуҷуд меорад, зеро на ҳамаи зеристгоҳҳо тавони бештар доранд. Аз ин лиҳоз, барои дам додани кори онҳо, тибқи реҷа муваққатан интиқоли барқ қатъ карда мешудааст.