Қурби рубли русӣ шурӯъ аз рӯзи душанбе, 19 декабр бо суръат поин меравад. Барои имрӯз Бонки марказии Русия арзиши долларо 69 ва евроро 73,34 рубл муқаррар кардааст. Дирӯз бегоҳ қурди доллар дар сатҳи 67,41 рубл таваққуф карда буд.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли русиро барои имрӯз 0,1475 сомонӣ таъин кардааст. Ҳафтаи гузашта рубли русӣ ҳудуи 0,162 сомонӣ мубодила мешуд.
Сабаби поинравии қурби рублро коршиносон дар таъини сақфи қимат барои нафту гази Русия медонанд. Дирӯз Иттиҳодияи Авпрупо барои таъини сақфи нархи гази русӣ ба тавофуқ расид. Тибқи ин тавофуқ дар бурсҳо қимати гази русӣ наметавонад аз 180 евро бештар таъин шавад.
Қаблан сақфи қимат ба нафти Русия ҳам дар сатҳи 60 доллар муқаррар шуда буд.
Ҳамчунин афзоиши воридоти Русия баъди коҳиши босуръат дар натиҷаи таҳримҳо, талаботи бештар ба асъор дар охири сол, афзоиши ҳазинаи ҷанг дар Украина ва чанд омили дигарро коршиносон сабаби беқурбшавии рубл медонанд.
Сатҳи зиндагии аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ба қурби рубл сахт бастагӣ дорад, чун бештари хонаводаҳо аз ҳисоби пулҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони корӣ хароҷоти зиндагиашонро таъмин мекунанд.