Рубрики Хабарҳо

Ақибнишинии Русия аз Сурия ва вогузории пойгоҳҳо ба Сипоҳи Посдорон ва Ҳизбуллоҳ

Ба гузориши “Маскав Таймс” (Moscow Times)-Русия дар ҳоли хурӯҷи нерӯҳои худ аз Сурия аст ва пойгоҳҳои низомиро ба Сипоҳи Посдорон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон таҳвил додааст. Расонаҳои Исроил навиштаанд давлати ин кишвар дар ҳоли баррасии дақиқи ин хабар аст. 

Ба гузориши рӯзномаи “Маскав Таймс”, Русия бо ҳадафи тақвияти низомӣ дар Укроин, хурӯҷи нерӯҳояш аз Сурияро оғоз кардааст. 

“Таймс Исроил” ба нақл аз ин гузориш менависад, ки шуморе аз воҳидҳои низомии Русия мустақар дар нуқтаҳои мухталифи Сурия пеш аз он ки ба Укроин интиқол ёбанд, ба се фурудгоҳи то кунун номушаххас дар баҳри Миёназамин мунтақил шудаанд. 

“Маскав Таймс” як расонаи англисизабони мустақили онлайн аст, ки дар Нидерланд мустақар аст ва дафтаре дар Москва дорад. 

Ин гузориш меафзояд, ки пойгоҳҳои холишудаи низомиёни рус ба нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорон ва низ ба Ҳизбуллоҳи Лубнон вогузор шудаанд. 

Димишқ аз муттаҳидони Маскав ба шумор меравад ва дар соли 2015 дар миёнаи ҷанги дохилӣ, чандин пойгоҳи ҳавоӣ дар ихтиёри Русия қарор дод. Ҷангандаҳои русӣ бо истифода аз ин пойгоҳҳо, мухолифони режими Башшор Асад дар чандин шаҳри Сурияро ҳадафи бомбаборонҳои худ қарор доданд, ки дар пайи ин ҳамалот садҳо нафар кушта шуданд. 

Исроил дар ҳоли “баррасии дақиқ”-и ин гузориш 

Ба гузориши MDEAST-NEWS, радиои Исроил, рӯзи душанбе 9 май гузориш дод, ки Исроил дар ҳоли баррасии дақиқи гузоришҳое аст, ки аз интиқоли шумори зиёде аз нерӯҳои низомии Русия ба хориҷ аз Сурия хабар медиҳанд. Ба вижа, ки ин гузоришҳо дар расонаҳои Русия матраҳ шудаанд. “Таймс Исроил” менависад ин раванд метавонад барои Исроил мушкилофарин бошад. 

Русия дувоздаҳ пойгоҳи низомӣ дар Сурия дорад. Кремл пеш аз ин гуфта буд, ки 63 ҳазор вобастаи низомиро ба Сурия эъзом кардааст. 

Гузориши радиои Исроил таъкид карда, ки мақомоти исроилӣ ба шиддат нигаронанд, ки бо хурӯҷи нерӯҳои Русия, нерӯҳои низомии эронӣ ё гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ ҷойи онҳоро дар Сурия бигиранд. 

Ба гузориши “Таймс Исроил”, Яҳуд Яърӣ, коршиноси Ховари Миёна дар тафсире дар ин замина дар канали 12-и Исроил навиштааст, ки Теҳрон бидуни таъсир ва нуфузи Русия бар Димишқ, ба роҳатӣ метавонад нерӯҳои худро вориди Сурия кунад ва бар ҳавзаи нуфузи худ бар режим Асад бифзояд. 

Ин коршиноси Ховари Миёна меофзояд, ки афзоиши нуфуз ва ҳузури низомии Ҷумҳурии Исломӣ дар Сурия метавонад мояи нигаронӣ барои Исроил бошад. Ў мегӯяд Русия то кунун агарчӣ ҳамкориҳое бо Эрон дар Сурия дошта, аммо ҳамвора талош карда буд аз мизони нуфузи Ҷумҳурии Исломӣ дар артиши Сурия ва ниҳодҳои амниятии ин кишвар бикоҳад. 

Радиои Исроил таъкид карда, ки сафари ногаҳонии Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия ба Теҳрон ва дидорҳои вай бо мақомоти аршади Эрон низ ба нигаронии Исроил доман задааст. 

Раисҷумҳури Сурия субҳи якшанбе 8 май дар сафари ғайримунтазир ва эъломнашуда вориди Теҳрон шуд ва бо Алӣ Хоманаӣ ва Иброҳим Раисӣ дидор кард. Аз замони оғози ҷанги дохилӣ дар Сурия дар соли 2011 ин дувуминбор аст, ки Асад ба Теҳрон рафта ва бо Хоманаӣ, ба унвони раҳбари муҳимтарини муттаҳиди режими Сурия дар минтақа мулоқоту дидор кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *